Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори дигар роҷеъ ба ҳузури Ҳизб-ут-таҳрир дар Суғд


Ба гуфтаи Мирзонаим Муртазоев, сардори шӯъбаи ташкилӣ - нозиротии раёсати корҳои дохилии Суғд, мубориза алайҳи аъзои ин ду ҳаракати пинҳонкор як самти асосии фаъолияти кормандони интизомии Суғдро дар ин давра ташкил додааст:

Якҷоя бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи вилоят 33 нафар аъзо, пешво ва паҳнкунандаҳои варақаҳои тарғиботии ҳизби ғайриқонунӣ амалкунандаи таҳрир ва 7 аъзои ҲИУ-ро дастгир намуда, ҳангоми кофтуков дар манзилҳои онҳо ҳафтсаду сию панҷ адад адабиёти реаксионӣ, ҳаштсаду чилу нуҳ варақаи ташвиқотӣ, чор компютер, як дастгоҳи аксбардорӣ, шаш дастгоҳи чоп дарёфт ва мусодира карда шуд.


Вале додситонии Суғд, теъдоди умумии афроди аз оғози соли равон аз сӯи тамоми ниҳодҳои марбута дар минтақаи шимолии Тоҷикистон бо иттиҳоми фаъолият дар ҲИӮ боздоштшударо наздики бист нафар мехонад ва мегӯяд ба ин гурӯҳ шаҳрвандони Ӯзбакистон низ шомиланд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, шумораи умумии нафарони барои фаъолият дар Ҳизб - ут - таҳрир дар ҳафтмоҳаи аввали соли равон боздоштшуда ҳудуди чил аст ва қисмате аз онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Сарҳанг Муртазоев аз афзоиши мизони ҷиноёти вазнини қатлу куштор ва раҳзаниву ғорат дар ҳафтмоҳаи аввали соли равон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, бархе аз чунин ҷиноёти пуровоза, ба мисли ҳамлаи силаҳнок ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қайроқум дар авохири моҳи январи соли равон ва куштори сарвари он, ҳамлаи дигари силаҳнок ба қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар моҳи май, ки чаҳор куштаи сарбози тоҷик бар ҷой гузошт ва худинфиҷори як боздоштшавандаи гумонбар барои фаъолият дар ҲИӮ дар шаҳри Исфара дар аввали ҳамин моҳ, ки боиси ҳалокати як корманди вазорати дохилаи Тоҷикистон ва ҷароҳатҳои
сахт бардоштани ду корманди интизомӣ гардид, аз сӯи аъзои ҳаракати исломии Ӯзбакистон тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст.
Вале ба гуфтаи сардори шуъбаи раёсати корҳои дохилии Суғд дар давраи сипарии соли равон дар қаламрави вилоят ҷиноёти қаллобӣ, авбошӣ ва дуздӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG