Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон - бабри иқтисодии Осиёи Марказӣ. Бахши аввал


Насибҷони Амонӣ ва Малика Раҳмонова Бабри нави иқтисодӣ, аммо акнун дар саҳнаи Осиёи Марказӣ. Ҷаҳишҳои иқтисодии Қазоқистон, ки мехоҳад пой ба пойи Ҷопону Куриё ё дасти кам Чин бигузорад. Манҳетени ҷадид, аммо дар Алма-Ато. Лас Вегаси нав, аммо дар Қапчағай. Кувайти нав, аммо дар Тенгиз. Ин ҳама хидмати кист - Назарбоев ва ё аъзои ҷавон ва ислоҳталаби давлати ӯ? Ва бо фасоду ришвахорӣ дар ин кишвар кӣ мубориза хоҳад бурд? Нашри навбатии маҷаллаи "Бозори Озодӣ" ба иқтисоди Қазоқистон ихтисос ёфтааст.

1 ҚАЗОҚИСТОН = 1000 ЛЮКСЕМБУРГ

Қазоқистон, ки наздики 17 миллион ҷамъият дорад, бо беш 2 миллиону 717 000 километри мураббаъ қаламраваш бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Барои мисол, дар қаламрави Қазоқистон метавон 4 Фаронса ва ё 1000 Люксембургро гунҷонд.

Қазоқистон зимнан тайи солҳои охир мақоми бузургтарин қудрати иқтисодии минтақаро ҳам касб мекунад. Дар ҳоле ки дар солҳои аввали фурӯпошии Шӯравӣ гумони ғолиб ин буд, ки чунин мақом ба маҳзи мавқеъияти хеле муносиби ҷуғрофӣ насиби Узбакистон ва ё ба далели манобеъи фаровони нафту газаш аз они Туркманистон хоҳад шуд. Аммо чаро ин бози бахт рӯи шонаҳои Остона нишаст? Ба назари таҳлилгарон, пеш аз ҳама ба иллати сиёсатҳои ноқиси иқтисодӣ ва сиёсати дарҳои пӯшидаи Ишқободу Тошканд ва ҳам ба маҳзи истифодаи моҳиронаи Остона аз ин кӯтоҳии ҳамсоягонаш ва сиёсатҳои оқилонатару бозтаре, ки дар роҳи ислоҳоти иқтисодӣ Қазоқистон думбол гирифт.

ОРЗУИ Н.НАЗАРБОЕВ

Рушди собити иқтисодӣ, ки солона беш аз 9 дарсад баровард мешавад, наздики 50 миллиард доллар ҳаҷми солонаи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, 44 миллиард доллар мизони солонаи воридоту содирот ва таносуби мусбат ва тақрибан 10-миллиарддоларии тиҷорати хориҷӣ, эҷоди бозори дар минтақа бузургтарини кор иборат аз наздики 8 миллион ҷойи корӣ... Ин нишондиҳандаҳо ва ҳам қимати ҳамчунон ҳангуфти нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонист, ки бар хушбинии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар бораи ояндаи иқтисодии кишвараш меафзояд: "Ман як мақсад дорам, ки кайҳо боз мехоҳам ҷомаи амалаш пӯшонам. Ман мехоҳам дар даҳсолаи оянда Қазоқистонро дар радифи 50 кишвари пешрафта ва қобили рақобати ҷаҳон ҷой кунам. Мизони пешрафтагии кишварро фақат бо арқоми иқтисодӣ, ё мизони даромад ба ҳар сари аҳолӣ ва ё ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ таъйин намекунанд. Ман пешрафти кишварро дар 4 самт дар назар дорам: Дар самти иқтисод, сиёсат, масоили иҷтимоӣ ва фарҳанг. Барои ин ҳама як барномаи фарогири ислоҳоти иқтисодӣ, маъмуриву сиёсӣ ва ҳуқуқӣ лозим аст."

Султонхон Юсуф, хабарнигори бахши қазоқии Родиёи Озодӣ аммо мегӯяд, таъмини рушди собити иқтисодии Қазоқистон бештар натиҷаи заҳматҳои вазирони ҷавон ва ислоҳталабе назири Урлан Жандосов, Мухтор Облиёзов ва Ҳалимҷон Жакиянов буд, ки президент Назарбоев дар даҳаи 90-и асри гузашта ба давлати худ ҷалб карда буд: "Назарбоев соли 1989 аз курсии котиби аввали Ҳизби Коммунист ба раҳбарии Қақистон нишаст. Ӯ парвардаи мактаби шӯравист ва аз ӯ чашми ислоҳоти густардаи иқтисодиро доштан беҳуда буд. Аммо бартарии Назарбоев ин буд, ки ба ҷавонони ислоҳталаб имкон дод, даст ба чунин ислоҳот зананд ва рушди дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ беназири иқтисоди Қазоқистонро таъмин кунанд. Вале сар аз соли 2001 ин вазирони ҷавону ислоҳталаб ба хулосае расиданд, ки сиёсати Нурсултон Назарбоев дигар як мониаи бузург дар роҳи идомаи ин ислоҳот шудааст. " Аъзои ислоҳталаби кобинаи вазирони Назарбоев 5 сол пеш ҳатто як наҳзати сиёсӣ бо номи Интихоби Демократии Қазоқистонро ҳам таъсис доданд ва ба иллати фаъолиятҳои сиёсӣ Мухтор Облиёзов ва Ҳалимҷон Жакиянов ҳатто муддатеро дар зиндон ҳам ба сар бурданд.

Аммо ба ҳар сурат Қазоқистон чигуна тавонистааст ба ин қуллаҳои ҳадди ақал дар миқёси Осиёи Марказӣ баланди иқтисодӣ даст ёбад ва оё расидан ба аҳдофи наве, ки ин кишвар тоза пеши худ мегузорад, то куҷо иҷрошавандаанд? Ба таҳлили ин мавзӯъот коршиноси барномаи мо Тоҳири Абдуҷаббор аз шаҳри Хуҷанд пардохтааст.

НАЗАРИ КОРШИНОС

Бархе коршиносон Қазоқистонро ба хотири пешрафтҳои иқтисодаш «бабри Осиёи Марказӣ» номидаанд, чунон ки Куриёи Ҷанубӣ, Тойвон, Ҳонконг ва Сингопурро барои дар як муддати кўтоҳ ба пояи кишварҳои санъатӣ расиданшон «бабрҳои Осиё» нимида буданд. Дар воқеъ ҳам, Қазоқистон яке аз кишварҳое аст, ки таи солҳои ахир ба дастовардҳои чашмгир ноил шудааст. Иқтисод, ба вижа саноати кишвар бо суръат пеш меравад. Маҷмўи маҳсулоти нохолиси кишвар ҳамасола ба андозаи 7 - 9% афзоиш меёбад. Сармоягузориҳои бузург аз манобеъи хориҷию дохилӣ сурат мегирад. Дар навоҳии мухталифи кишвар шумори зиёди корхонаҳои хурду бузурги санъатӣ, ба вижа дар бахшҳои истихроҷи маъданҳо, нафту гоз, мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзию молдорӣ, тавлиди либос, маводи хўрока ва ғайра сохта шуданд. Сохтмони шаҳрҳо, роҳҳо, хутути интиқоли барқ, шабакаҳои нефту гоз ва обрасонӣ, бонкҳо ва дигар муассисоти молию тиҷоратӣ дар авҷ аст. Дар кишвар ба рушди бахши хидамот, тандурустӣ, системаи маориф ва тарбияи кадрҳо таваҷҷўҳи зиёд мабзул медоранд.

Пешрафти босуръати иқтисоди кишвар боиси боло рафтани сатҳи зиндагии мардум шудааст. Дар ҳоле ки нархои бозор нисбатан собитанд, музди кормандон пайваста боло меравад. Имсол музди миёнаи моҳвори кормандон ба 350 доллар расидааст. Аз ин лиҳоз Қазоқистон дар миёни кишварҳои ҳамсуд баъд аз Русия мақоми дувумро дорад.

Дар Қазоқистон ба мисли дигар кишварҳои шўравии пешин ислоҳоти бунёдӣ идома дорад. Агарчи ин раванд холӣ аз иштибоҳоту нуқсонҳо нест, вале муҳим он аст, ки ҳўкумат усули «аввал иқтисод, баъд сиёсат»ро пеш гирифтааст ва таи солҳои гузашта бештар ба рушди иқтисоди миллӣ, эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ривоҷи ҳамкориҳои судманди байналмиллалӣ ва густариши тиҷорати хориҷӣ таваҷҷўҳ кардааст. Албатта, дигаргуниҳои Ҷиддӣ дар системаи идораи давлатӣ ва муносиботи иҷтимоӣ низ рўнамо шудааст. Ҳукумат ва ба вижа аҳзоби сиёсии Қазоқистон бар он мекўшанд, ки барномаи ислоҳоти демократӣ амалӣ гардад ва гомҳои муассир дар роҳи эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ бардошта шавад. Бадин манзур Комиссиони махсуси ҳукумат «Консепсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ»ро таҳия намудааст, ки он ҳафтаи гузашта тасвиб ва нашр гардид. Дар ин санад, ки қарор аст дар 5 соли оянда амалӣ гардад, зикр шудааст, ки дар ояндаи наздик Қазоқистон дар радифи 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ҷой хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, ки дар Қазоқистон барои пешрафти иқтисодӣ заминаҳо ва авомили дохилию хориҷӣ хеле мусоид аст. Кишвар масоҳати калон ( беш аз 2,7 млн км мураббаъ) ва манобеъи саршори табиӣ дорад. Имрўз дар шароити болоравии қимати нафту гоз дар бозори ҷаҳонӣ ин манобеъи табиӣ, ба вижа захириҳои бузурги нафту гоз ва конҳои фелезоти гуногун ба муҳимтарин омили пешрафт ва манбаъи даромади кишвар табдил шудааст. Кишварҳои Ғарбу Шарқ ба истихроҷу баҳрабардорӣ аз захоири нафту гози Қазоқистон алоқаи фаровон доранд. Бад-ин манзур ширкатҳои бузурги хориҷӣ ба иқтисоди Қазоқистон сармоягузорӣ мекунанд ва ҳаҷми он сол ба сол меафзояд. Табиист, ки чунин сармоягузориҳои бузург пешрафти босуръати иқтисоди Қазоқистонро таи солҳои оянда низ таъмин хоҳад кард. Барои истифодаи пурсамари ин сармояҳо Қазоқистон кадрҳои босаводу кордонро ҳам дорад. Бештари аъзои ҳукумати кишвар аз ҷавонони боистеъдоду кордон ва баланд савияю ватанпараст иборатанд. Бисёри онҳо ду-се забони хориҷиро медонанд ва озодона сўҳбат мекунанд. Шумори зиёди донишмандони риштаҳои гуногуни улуми иҷтимоию сиёсӣ ва техникӣ, муассисоти илмӣ ва донишгоҳҳои муосир ба пажўҳишу баррасии масоили мухталифи ҷомеа машғуланд. Дар кишвар 12 ҳизби сиёсӣ, қариб 10 ҳазор созмонҳои ғайридавлатию ниҳодҳои иҷтимоӣ ва беш аз 6,5 ҳазор васоити ахбори умум фаъолият мекунанд. Онҳо дар баррасию арзёбии масоили муҳими ҷомеа ва пайдо кардани роҳои ҳалли мушкилоти кишвар нақши басо муҳим доранд.

Ҳукумати Қазоқистон сиёсатҳои худро, аз ҷумла сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти афкори умум ва манофеъи миллии худ тадвин ва амалӣ мекунад ва мекўшад, ки ба масобаи як давлати мустақил бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ба вижа бо Русия, Чин, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо равобиту ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта бошад. Ин ҳама омилҳои муҳиму корсоз барои пешрафти муваффақонаи кишвар мебошад.
Тоҳири Абдуҷаббор


НАФТУ ГАЗИ ҚАЗОҚӢ

Як омили муҳими таъмини рушди иқтисодии Қазоқистон, сиёсатҳои дурусттари иқтисодӣ ва эҷоди фазои мусоид ҳам барои густариши тиҷорат ва ҳам барои ҷалби сармояҳои бузургу ҷиддӣ ба иқтисоди ин кишвар будааст. Ҷалби сармоя ба хусус дар риштаи нафту гази Қазоқистон фаровон мушоҳида мешавад. Дар роҳи ҷалби сармоя ба риштаи энержии худ Остона то кунун, бо қатъи назар аз конъюктураи сиёсӣ бештар рӯи мафоди иқтисодиаш фикр кардааст. Қазоқистон дар ин роҳ ҳам ба Маскав, ҳам ба Пекин ва аз сӯи дигар ҳам ба Аврупову ҳам ба Амрико ҳам тааҳҳуди дӯстиву ҳамкорӣ супурда, гӯиё мехоҳад ҳамаро итминони хотир диҳад, ки дӯсти беҳтарини Қазоқистон маҳз ӯст.

Ахиран Қазоқистон бо Чин ҷиҳати бунёди як лӯлаи нафти ҳазинаи сохтмонаш чормиллиарддоларӣ, ки бояд конҳои нафти Отиравро бо марзи Чин бипайвандад, қарордод имзо кард. Дар моҳи апрел Остона бо Маскав ҷиҳати аз 28 миллион бушкаи нафт то 67 миллион бушка афзоиш додани содироти нафташ тавассути лӯлаи русии Ка Тэ Ка тавофуқ баст. Ин лӯлаи 1250-километрии нафт манобеъи дарёи Хазарро бо бандари Новоросийск дар соҳили баҳри Сиёҳ мепайвандад. Моҳе пеш Русияву Қазоқистон ҷиҳати таъсиси як корхонаи муштарак дар заминаи кони гази Қарочағонак ба ҳам тааҳҳуд супурданд. Кон дар қаламрави Қазоқистон аст, вале корхонаи муштаракаш дар заминаи тавлидгоҳҳои мавҷудаи корхонаи тасфияи гази Оренбург, яъне дар Русия сохта хоҳад шуд.
Остона зимнан эълон карда, ки дар роҳи таъмини содироти бештари нафташ мехоҳад аз имконоти лӯлаи нафти Боку - Тифлис - Ҷайҳун, ки низ бар пояи сармоягузории ширкатҳои ғарбӣ бино шудааст, истифода кунад.
Дар амри истихроҷи нафт аз кони Тенгиз, ки бузургтарин кони нафти дарёи Хазар ва яке аз 10 кони бузургтарини нафти ҷаҳон дониста шудааст, низ бештар ширкатҳои ғарбӣ, аз ҷумла ширкатҳои амрикоӣ саҳм доранд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аз нақши Амрико дар иқтисоди кишвараш чунин таъриф мекунад: "Амрико бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Қазоқистон ба шумор меравад. Сармоягузориҳои Амрико ба Қазоқистон дар ин солҳо ба 12 миллиард доллар расидааст. Табодули молу коло байни мо ба 2 миллиард доллар баробар шуда ва дар ҳоли ҳозир дар кишвари мо 374 корхонаи муштарак бо мушорикати ширкатҳои амрикоӣ фаъолият доранд."

Ва аммо силсилаи инқилобҳои ахири рангаӣ, ки мунҷар ба табдили раҳбарияти чанд кишвари шӯравии собиқ шуд, дили давлати оқои Назарбоевро аз Ғарб ва ба вижа аз Амрико сардтар кард. Остона акнун бештар ба Маскаву Пекин нигоҳ мекунад, чунки Русияву Чин равобити иқтисодии худро бо масоиле аз қабили вазъи ҳуқуқи башару ислоҳоти демократӣ намеёмезанд ва ҳатто розианд ба хотири бақои низомҳои ҳоким дар кишварҳое Қазоқистон аз чунин масоил чашм пӯшанд.
XS
SM
MD
LG