Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оташбас риоя мешавад



Ба назар мерасад, ки нируҳои Исроил ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба оташбасе, ки баъди даргириҳои якмоҳа ба даст омадааст, риоят мекунанд.
Ҳазорон лубнониҳо, ки хонаҳои худро тарк карда буданд, ҳоло тадриҷан ба макони зисташон дар ҷануби Лубнон бармегарданд. Баъди чандин рӯз нахустин кӯмакҳои хайрияи Созмони Милали Муттаҳид низ ба манотиқи ҷанубӣ расиданд.
Раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ эълон "пирӯзии таърихӣ" болои Исроил кард.
Вале Исроил мегӯяд, ки аз ин низоъ қавитар берун омадааст. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш изҳор намуд, ки таъсири гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар минтақа кам мешавад.
Ҷорҷ Буш гуфт: "Ҳизбуллоҳ ба Исроил ҳамла кард, Ҳизбуллоҳ ин бӯҳронро шурӯъ намуд ва Ҳизбуллоҳ дар ин бӯҳрон шикаст хӯрд."
Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Вошингтонро гунаҳгор намуд, ки Исроилро бо аслиҳа таъмин кардааст ва ин силоҳ, ба гуфтаи Аҳмадинажод, ба зидди занону кӯдакони Лубнон истифода шудааст.
XS
SM
MD
LG