Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромиши нисбӣ дар ҷануби Лубнон


Пас аз як моҳи даргириҳо миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон байни тарафҳо оташбас барқарор шудааст. Ҳазорон беҷошудаи лубнонӣ дар ҳоли бозгашт ба ҷануби Лубнонанд ва нахустин маҳмулаи кумакҳои Созмони Милал тайи чандин рӯзи ахир вориди минтақа шудааст.


Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ муддаъии як "пирӯзии стротежик ва торихӣ" бар Исроил шуд. Аммо Исроил мегӯяд, ки пирӯзӣ дар ин муноқишот бо исроилиҳост. Сарфи назар аз барқарории оташбас артиши Исроил мегӯяд, ки Ҳизбуллоҳ дар соъоти аввали бомдоди имрӯз (15 август) ҳам ба ҷануби Лубнон дастикам 10 мӯшак партоб кардааст. Аз талафоте гузориш нашудааст ва артиши Исроил мегӯяд, ки посухи он ҳамларо надодааст.


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико низ соъоте пеш дар бораи натиҷаи муноқишаи Исроилу Ҳизбуллоҳ изҳори назар кард ва гуфт, ки ҷанги миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ "бахше аз як муборизаи густардатар миёни озодӣ ва терур" будааст. Вай дар як нишасти хабарӣ дар вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки Ирон аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Лубнон ва Ироқ ҳимоят мекунад ва бояд даст аз ин кор бардорад:


"Паёми дафтари мо равшан аст. Омрико ҳамчунон алайҳи Ал-қоъида хоҳад ҷангид. Ирон бояд даст аз ҳимоят аз терур бардорад ва раҳбарони ин гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқу Лубнон бояд роҳеро интихоб кунанд. Агар онҳо моиланд дар зиндагии сиёсии кишварҳояшон мушорикат дошта бошанд, бояд халъи силоҳ шаванд."


Оқои Буш афзуд, ки Ҳизбуллоҳ ва 'бониёни он, Ирон ва Сурия' масъули ранҷу азоби мардуми Лубнонанд. Раисиҷумҳурии Омрико гуфт, ки чирикҳои Ҳизбуллоҳ тайи ҷанги худ бо Исроил ба дасти Исроил шикаст хурдаанд.
XS
SM
MD
LG