Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи Ховари Миёна: кӣ бурду кӣ бохт?


Ҳитер Моҳир Як қатъномаи Созмони Милал буд, ки Исроил ва Ҳизбуллоҳро водошт, то силоҳҳои худро канор бигзоранд, аммо боз ҳам ҳар ду тараф муддаъии пирӯзӣ дар ин ҷанги беш аз якмоҳа ҳастанд. Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико низ дар ин маврид изҳори назар карда ва пирӯзиро они Исроил донистааст. Родю Озодӣ дар ин бора гуфтугӯе дошт бо Пол Солим, мудири бахши Ховари Миёна дар Пажӯҳишгоҳи сулҳи байунлмилали Корнегӣ дар Омрико ва нахуст аз ӯ пурсид, ки дар воқеъ, аз ин ҷанг кӣ баранда ва чи касе бозанда берун омад?

Солим: Ман фикр мекунам, ки ҳамаи тарафҳои ҷанг то андозаи қобили мулоҳизае бозандаанд. Исроил ҳисси шикастнопазириашро аз даст дод ва дигар нирӯи он қавию тарснок ба назар намерасад. Ҳизбуллоҳ теъдоди зиёде аз мӯшакҳо ва мавозеъи зиёди сиёсии худ дар хоки Лубнонро аз даст дод. Ирон бахше аз нирӯи боздорандаи худро дар Лубнон бохт ва Иёлоти Муттаҳида дар минтақа беш аз пеш ваҷҳаву эътиборашро аз даст дод.

Пурсиш: Агар мегӯед, ки ҳич кас дар ин ҷанг пирӯзии қотеъе ба даст наёвардааст, пас кадом як аз бозигарони он дастикам андаке ҷилавтар аз дигарон буд?

Солим: Ман фикр мекунам посух ба ин пурсиш то ҳадди зиёде ба вусъати иҷро ё адами иҷрои муфодди мухталифи қатънома бастагӣ дорад. Агар ҳар он чи дар қатънома омадааст, иҷро шавад, ба назари ман, Ҳизбуллоҳ бозандаи бузургтаре хоҳад буд ва Омрикову ҷомеъаи байнулмилалӣ ва Исроил то ҳадде баранда маҳсуб хоҳанд шуд. Танҳо агар қатънома ба куллӣ иҷро шавад. Ҳамчунин, ба назари ман, бояд таъкид кард, ки Лубнон, ба унвони як кишвар, бузургтарин бозандаи ин ҷанг будааст. Ҷомеъаи он бештарин талафоти ҷонӣ ва хисорот дид, зербиноҳои он осеб дид ва низоми сиёсии шиканандаи он латмаи шадиде хурд. Ва акнун нигарониҳои зиёде дар мавриди эҳтимоли бурузи нооромиҳо ё ҳатто ҷанги дохилӣ дар Лубнон матраҳ аст. Аз ин рӯ, тайи тамоми давраи ҷанг Лубнон бузургтарин бозанда будааст.

Пурсиш: Гузориш мешавад, ки Ҳизбуллоҳ баргаҳое байни мардуми дар ҳоли бозгашти Лубнон тавзеъ мекунад ва онҳоро бо пирӯзӣ бар Исроил шодбош мегӯяд. Ҳадафи онҳо аз ин иқдом чист?

Солим: Хуб, мусалламан, пас аз он ҳама ранҷу азоб ва талафоте, ки иттифоқ уфтод, Ҳизбуллоҳ бояд ранге бар рухи он ҳаводис бикашад ва дам аз пирӯзии сиёсию низомӣ бизанад, ки то андозае ҳам ҳақиқат аст. Ҳизбуллоҳ шояд танҳо нирӯи араб ё артиши арабе бошад, ки дар баробари як моҳ қудратнамоии Исроил нашикаст ва, дар воқеъ, набохт. Ҷанг бо оташбас ба сар расид, на бо як шикасти муфтазаҳона ё сарафкандагӣ.

Албатта, онҳо мехоҳанд рӯи ин нукта таъкид кунанд ва ба мардуми дар ҳоли бозгашт ин ҳисро бидиҳанд, ки сарфи назар аз осебе, ки ба хонаҳову рустоҳо ва хонаводаҳои онҳо расидааст, эҳтимолан, чизе ҳам аз ин роҳ ба даст омадааст.

Ҳарчанд дар кул хеле рӯшан нест, ки чи бурди сиёсие оиди онҳо шудааст, аммо Ҳизбуллоҳ талош мекунад ин ҳисси пирӯзиро бар рухи Исроил бикашад ва ба мардуми Лубнон ҳисси ифтихор бидиҳад, ки бурди онҳо арзиши ин ҳама талафоту хисоротро дошт.

Пурсиш: Оё Ирон аз ин муноқиша бо сари баланд берун омад ё сарафканда?

Солим: Ҳам ину ҳам он. Дар оғоз Ҳизбуллоҳ ба хотири ҳамалоти фаромарзиаш аз сӯи шуморе аз давлатҳои араб сарзаниш шуд ва онҳо ин амалиётро моҷароҷӯёнаву бепарвоёна донистанд. Аммо дар паи он наҳваи вокуниши Исроил, ҳимояти шадиди Омрико аз вокуниши Исроил ва пуштибонии мусалмонону арабҳо аз Ҳизбуллоҳ ба хотири вусъати ҳамалоти Исроил назари кишварҳои арабро як бори дигар тағйир дод.

Аммо ба назари ман, вазъияти Ирон дар ниҳоят печида ба назар мерасад. Аз як сӯ, ба назари ман, Ирон ба хотири ҳимоят аз созмоне, ки дар баробари исроилиҳо истод, дар миёни арабҳову мусалмонон маҳбубияте касб кард. Аз сӯи дигар, зарбаҳои ворида ба пайкараи Ҳизбуллоҳ, чи аз лиҳози низомиву чи аз лиҳози дигар, мусалламан зарфияти Ҳизбуллоҳро ба унвони як омили боздорандаи Ирон коҳиш медиҳад. Ҳизбуллоҳ яке аз муҳимтарин омилҳои боздорандаи Ирон дар баробари ҳамалоти эҳтимолии Исроил ва Омрико буд. Дар ин замина, ба назари ман, Ирон мутаҳаммили бохти бузурге шуд. Ва мумкин аст акнун Ирон беш аз пеш дар мавриди барномаи ҳастаиаш зери фишори байнулмилалӣ воқеъ шавад. Ман фикр мекунам ин мавзӯъ нуқтаи фишори сиёсии баъдист.

Пурсиш: Оё оташбас барқарор хоҳад монд?

Солим: Ман фикр мекунам, ки оташбас эъмол шавад. Албатта, замоне хоҳад гузашт, то гарду ғубори ҷанг фурӯ бинишинад, аммо ба ҳар ҳол, ҳар ду тараф мехоҳанд, ки оташбас пойдор монад ва ҷомеъаи байнулмилалӣ ҳам инро мехоҳад. Ба назари ман намерасад, ки аз идомаи ҷанг ҳич як аз тарафҳо суде дошта бошад. Аз ин рӯ, ман интизор дорам, ки пас аз фурӯ нишастани гарду ғубор оташбас давом биёрад.
XS
SM
MD
LG