Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил таъқиби раҳбарони Ҳизбуллоҳро идома хоҳад дод


Еҳуд Олмерт, сарвазири Исроил рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар парлумони кишвар гуфт, ки аз ин баъд ҳам кишвараш ба ҳама талошҳои халалдор кардани истиқлолаш посухи шадид хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, амалиёти низомӣ дар ҷануби Лубнон неруи гурӯҳи Ҳизбуллоҳро басо заъиф кард. Сарвазири Исроил афзуд, ки кишвараш ҳамеша ва дар ҳама ҷо таъқиби раҳбарони Ҳизбуллоҳро идома хоҳад дод. Еҳуд Олмерт бори дигар изҳор намуд, ки баъд аз рабуда шудани ду низомии исроилӣ ва мушакборони қаламрави Исроил, кишвараш ба ҷуз амалиёти низомӣ дар ҷануби Лубнон чораи дигар надошт. Сарвазири Исроил ваъда дод, ки барои озод кардани низомиёни рабудашуда аз ҳама чораҳо кор мегирад.
Мухолифин барои иштибоҳҳои ҷиддӣ дар ҷараёни амалиёт дар Лубнон аз ҳукумат интиқод карданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузориҳо, оташбас миёни неруҳои Исроил ва Ҳизбуллоҳ, ки субҳи рӯзи душанбе шурӯъ шуд, барқарор аст. Ҳайатҳои Лубнон, Исроил ва Созмони Милал барои нахустин бор ба хотири баррасии мавзӯъи мустақаршавии неруҳои байнулмилалии посдори сулҳ дар марзи ду кишвар ҷамъ омаданд.
Оташбас қадами аввал дар хатми хушунат дар минтақа аст ва ба хотири пойдор мондани сулҳ, тибқи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, дар ҷануби Лубнон ҳудуди 15 ҳазор низомиёни кишварҳои гуногун мустақар хоҳанд шуд. Ва аммо Исроил мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ аз сӯи мусаллаҳони Ҳизбуллоҳ муҳосираи ҳарими ҳавоӣ ва марзҳои дарёии Лубнонро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG