Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марг, номи нек ва диплумосӣ


Масалан, даргузашти як нафар - Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон даҳҳо пурсишро дар зеҳнҳо матраҳ кардааст: оё Наҳзати Исломӣ ҷойгузине барои ӯ пайдо хоҳад кард? (Зоҳиран, ҳоло пайдо кардаанд). Оё бо вафоти Абдуллоҳи Нурӣ аз нирӯву тавони ҳизбаш хоҳад кост? Оё каси дигаре зуҳур хоҳад кард, ки ба монанди Абдуллоҳи Нурӣ дар гузашта ҳокимони вақтро ба чолиш бикашад? Суолҳое аз ин қабил, ки дар паи даргузашти фақат як тан матраҳ мешавад. Албатта, шахсияти марҳум низ дар чунин мавориде муҳим аст, зеро ин суолҳо илзоман дар паи марги ҳар касе дар зеҳнҳо намечархад.

Марг чист ва мо, тоҷикон, маргро аз чи зовияе мебинем? Вале пеш аз он ба фармудаҳои хирадмандонаи Вил Дуронт, файласуфи омрикоӣ таваҷҷуҳ фармоед, ки мегӯяд:

"Ҳоло чи мегӯед, агар марги мо ба хотири зиндагӣ бошад? Мо дар ҳақиқат маргро нописанду нобахшуданӣ медонем. Мо дар бадани навъи инсон аъзое муваққат ҳастем ва дар ҷисми ҳаёти кулл ба монанди силлулҳо (ҳуҷайраҳо)-и он мебошем. Мо мемирем ва аз миён меравем, то ҳаёт ҷавону нирӯманд бимонад. Агар ҳамеша зинда мемондем, рушд мутаваққиф мешуд ва ҷавонӣ дигар дар рӯи замин ҷое барои худ намеёфт. Марг монанди сабки нависандагии ҳазфи завоид (нукоти зиёдатӣ)-и китобест. Мо пеш аз он ки бимирем, нишоту ҳаёти худро ошиқона ба мавҷуди тозатаре медиҳем. Бо овардани фарзандон бар шикофи миёни наслҳо пул мебандем ва душмании маргро рафъ мекунем. Зиндагӣ пайваста худро дар миёни марг наву тоза месозад."

Ин донишманди омрикоӣ дигар ба куллӣ мавзӯъро барои мову шумо шикофт ва ба чи зебоӣ аз мавзӯъе гуфт, ки суҳбат дар борааш маъмулан ногувор аст. Вил Дуронт муътақид аст, ки марг як чизи ногузир аст ва зиндагии моро пайваста нав мекунад.

Девори нав

Иҷоза бидиҳед дар ин ҷо суроғи ҳамроҳи ҳамешагии Фарҳангу Андеша Имомназари Холназарро бигирем дар Душанбе ва ҳамин пурсишро бо ӯ дар миён бигзорем:

Имомназар: "Марг, пеш аз ҳама нобудист ва дар айни замон, эҳё. Марг дар ҳар ҳолате як чизи нохубу нохушоянд, вале ногузир аст. Ва нидои марг ҳамеша инсонро ҳушёр нигаҳ медорад, "эй инсон, эҳтиёт куну ҳушёр бош, ки оқибат кори ту ба дасти ман хоҳад уфтод". Марг, дар воқеъ, як василаи тарбияти инсон ҳам аст. Гуфтам, марг дар айни нобудӣ эҳё ҳам ҳаст. Тасаввур кунед, ки як модар ба ҳангоми зоймон аз дунё меравад, аммо фарзанди ӯ ба дунё меояд. Як сохтмон фурӯ мерезад ва ба ҷои он сохтмоне тоза қомат меафрозад. Як низоми сиёсӣ аз байн меравад ва ба ҷои он як низоми беҳтар пайдо мешавад. Яъне агар девори куҳна фурӯ нарезад, девори нав фароз нахоҳад рафт".

Марги ситораҳо

Рӯзе, ки мавзӯъоти Фарҳангу Андешаи ин ҳафтаро дар ҷаласаи бахшамон дар Озодӣ муъаррифӣ мекардам, ҳамкорам Тоҳири Сафар ба нуктаи муҳимме дар мавриди марг ва таъсири он рӯи фарҳанг ишора кард:

"Таъсири марги ситораҳо рӯи фарҳангу ҳунари тоҷиконро метавон ба вузӯҳ мушоҳида кард. Масалан, бо рафтани зудҳангоми Муқаддас бахши бузурге аз мусиқии попи мо фано шуд. Муддате баъд аз он Наргиси Бандишоҳ омаду кохе тоза сохт, аммо ӯ ҳам давом наёвард. Ва то Наргис рафт, кохи ӯ ҳам фурӯ рехт. Ҳамин ҳолат бо Кароматуллоҳи Қурбон иттифоқ уфтод. Яъне бо ғуруби ин ситораҳо пораҳои бузурге аз ҳунари мо низ мурд."

Вале бо ин ки дигар Муқаддасу Наргису Кароматуллоҳ дар миён нестанд, ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст, мо, хокиёни даҳр, ба ёди онҳо ҳастем. Пас марге, ки ҷисмро мебарад, ҳамеша пирӯз нест. Фурӯғ мегуфт, "танҳо садост, ки мемонад." Саъдӣ фармуда: "Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд". Вале ҳифзи номи накӯ дар тӯли зиндагӣ кори содае нест. Ва ҳатто дар мавориде аз як шахси воҳид гурӯҳе ба некӣ ёд мекунанду иддае ба бадӣ. Масалан, диплумосӣ, ки шояд аз мушкилтарин шуғлҳои мавҷуд бошад. Як ҳарфи дуруст ё нодурусти як диплумот метавонад рӯи сарнавишти кишвараш ва кишварҳои дигар таъсири мусбат ё манфӣ бигзорад.

Ох, чи қадр сахт аст ин диплумосӣ...

Агар ёдатон ҳаст, дар яке аз барномаҳои гузашта Крейг Мори, сафири пешини баландовозаи Бритониё меҳмони Фарҳангу Андеша буд ва аз вазъияти ногувори фарҳанги тоҷикони Узбакистон мегуфт. Ин бор ҳам Крейг Мориро дар барнома доштем ва бо ӯ дар бораи фарҳанги диплумосӣ суҳбате оростем. Зимнан, вазорати хориҷаи Бритониё низ вокуниши худро ба китоби ахири оқои Мори бо номи "Қатл дар Самарқанд" ба барномаи Фарҳангу Андеша фиристод, ки дар барнома ҷо додем. Аммо рӯи сафҳаи сомона қавл медиҳам, ки дар фурсате дигар муфассалан ба он суҳбату мавзӯъи диплумосӣ баргардам. Вале агар хеле роғибед моҷароро ҳамин ҳоло бидонед, лутфан нишони баландгӯро дар канори унвони матлаб фишор диҳед ва он ҷо тамоми суҳбатҳои мо чи аз маргу чи аз зиндагӣ ва диплумосӣ маҳфуз аст.

Пайкор ҳам метавон кард

Идомаи гуфтугӯҳои ҳамкори ҳунармандам Нуруллоҳи Абдуллоҳ бо хирадманди порсигӯ Бӯъалӣ Синоро ҳам дар барнома дорем. Фарҳангу Андешаи ин ҳафта бо ин хулоса ба сар расид, ки дар сурати саъю талош ба монанди Пури Сино метавон ба ҷовидонагӣ даст ёфт ва маргро ҳам шикаст дод. Ба так-таки азизони дӯстори Фарҳангу Андеша як ҷаҳон пуштикору саъю талош ва саранҷом, ҷовидонагӣ мехоҳам.

То фурсате дигар, мувозиби худатон бошед ва бедруд!

Вобаста

XS
SM
MD
LG