Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил қатъномаи Созмони Милалро пазируфт


Ҳукумати Исроил имрӯз дар як ҷаласаи пурбаҳс қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал мабнӣ бар хотимаи ҷанг миёни Исроил ва созмони Ҳизбуллоҳро қабул кард. Бино ба гузоришҳо, дар ҷаласаи кобинаи Исроил барои пазируфтани қатънома танҳо як нафар раъйи мумтанеъ ва дигар 24 аъзои кобинаи Исроил раъйи мувофиқ додаанд. Як рӯз пеш аз ин ҳукумати Лубнон низ бо кулли оро қатъномаи Шӯрои Амниятро пазируфт. Раҳбари созмони Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ низ бо ин қатънома мувофиқат намуд.


Рӯзи шанбе дар ҷанг ба зидди Ҳизбуллоҳ 19 сарбози Исроилӣ кушта шуданд ва гумон меравад чаҳор сарнишинони як чархболи суқуткардани ин кишвар низ ҷони худро аз даст додаанд. Дар ҳамин ҳол Ҳизбуллоҳ бо партоби мушак ба шаҳри Сафед шимоли Исроил як нафарро кушта ва дар маҷмӯъ ҳафт тани дигарро маҷрӯҳ кардааст. Дар пайи ҳуҷуми ҳавоии нерӯҳои Исроилӣ ба рустои Ал Ал Наҳрӣ се ғайринизомӣ кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.


Ва дигар ин ки вазири умури хориҷаи Исроил Тзипӣ Ливнӣ гуфт, то замоне, ки нерӯҳои байналмилалӣ ва Лубнон дар ҷануби ин кишвар мустақар нашаванд, қувваҳои исроилӣ аз он минтақа хориҷ нахоҳанд шуд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ барои эъзоми нерӯҳои байналмилалӣ ба ҷануби Лубнон чанд ҳафта зарур аст.
XS
SM
MD
LG