Пайвандҳои дастрасӣ

М. Кабирӣ ба мақоми раҳбарии Наҳзати Исломӣ пешниҳод шуд


Шомгоҳи шанбе (12 август) Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тайи ҷасалае Муҳйиддини Кабириро ба сарпарастӣ баргузид ва ба мақоми раҳбарии ин ҳизб пешниҳод кард. Ин ҷаласа пушти дарҳои баста баргузор шуд ва дар он ҳайъати садорати Ҳизби Наҳзати Исломӣ низ ширкат дошт.


Муҳйиддини Кабирӣ то кунун мақоми муъовинати раҳбарии ҲНИТ-ро ба уҳда дошт. Дар пайи даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ин ҳизб дар торихи 9 август, номи Муҳйиддини Кабирӣ ба унвони яке аз номзадҳои эҳтимолии ин мақом матраҳ буд.


Оқои Кабирӣ дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфт, ки нахуст номзадии Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба мақоми раҳбарии ҳизб пешбарӣ шуд, аммо оқои Ҳимматзода бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти бади саломаташ ин пешниҳодро напазируфтааст ва ба ҷои худ Муҳйиддини Кабириро тавсия кардааст.


Раҳбари ҷадиди ҲНИТ аз ҷумла гуфт, ки дар ҳизб тағйироти умдае иттифоқ нахоҳад уфтод ва ин ки ҲНИТ дар айни ҳол сароҳати лаҳҷаи худ ва изҳори назари ошкор дар мавриди масоили мухталифи кишварро ҳифз хоҳад кард.


Қарор аст дар авоили моҳи сентябр ин пешниҳоди Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҳамоиши ҳизб расман таъйид шавад.


Пешбарии раҳбари ҷадиди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз се моҳ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG