Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи душанбе 'оташбас барқарор хоҳад шуд'


Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милал мегӯяд, ки нахуствазирони Исроил ва Лубнон дар мавриди оғози барқарории оташбас дар рӯзи душанбе (14 август) дар соъати панҷи бомдод ба вақти Гринвич тавофуқ кардаанд.


Бо вуҷуди ин, оқои Аннон дар як баёнияи навишторӣ аз ҳар ду тарафи даргир хостааст, ки ба нишони эҳтиром ба рӯҳу мароми қатъномаи ахири Шӯрои Амнияти Созмони Милал "ҳамин ҳоло" силоҳҳои худро канор бигзоранд.


Шӯрои Амнияти СММ ба иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки бар мабнои он қарор аст Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба хушунатҳо поён диҳанд ва 15 000 посдори сулҳи Созмони Милал ҷараёни хуруҷи нирӯҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнонро назорат кунад ва кунтрули ин минтақа ба нирӯҳои Созмони Милал ва артиши Лубнон вогузор шавад.
XS
SM
MD
LG