Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатънома ҳасту қатъи ҷанг нест


Сарфи назар аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки аз Исроил ва Ҳизбуллоҳ поёни хушунатҳоро тақозо мекунад, ду тарафи даргир ҳамчунон дар ҳоли набарданд. Артиши Исроил мегӯяд, ки дирӯз дар ҷараёни як даргирӣ бо Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон дастикам 11 сарбоз кушта шудаанд.


Дирӯз Исроил доманаи ҳамалоти худ ба ҷануби Лубнонро густардатар кард. Артиши Исроил ин хабарро таъйид кард, ки тайи даргириҳои дишаб як чархболи исроилӣ ба зарби мӯшак суқут кардааст. Шумори талафоти ҷонии ношӣ аз ин ҳодиса билофосила рӯшан нашуд.


Тзипи Ливни, вазири хориҷаи Исроил дишаб гуфт, ки ҳамалоти Исроил алайҳи Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон ба эҳтимоли зиёд рӯзи душанбе (14 август) ба поён хоҳад расид.


Ба гуфтаи бону Ливни, иллати идомаи ҳамалоти Исроил сарфи назар аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Амният ин буда, ки артиши Исроил хостори густариши ҳамалот шудааст.


Мақомоти исроилӣ ҳамчунин гуфтанд, ки интизор меравад нирӯҳои исроилӣ то замони расидани нирӯҳои байнулмилалӣ ва артиши Лубнон ба минтақа ва кунтрули ҷануби Лубнон тавассути он нирӯҳо дар хоки Лубнон бимонанд.


Давлати Лубнон, ки шомили вазироне аз ҷумлаи аъзои ҷунбиши Ҳизбуллоҳ низ ҳаст, эълом кард, ки қатъномаи Созмони Милал мабнӣ бар поёни хушунатҳои якмоҳаро қабул дорад. Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ гуфт, ки чирикҳои ин ҷунбиш дар сурате аз муқаррароти оташбас табаъият хоҳанд кард, ки нирӯҳои исроилӣ низ ҳамалоти худро мутаваққиф кунанд.


Қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки дирӯз тасвиб шуд, аз Исроил ва Ҳизбуллоҳ мехоҳад, ки даст аз идомаи даргириҳо бардоранд. Бино бар ин қатънома, қарор аст 15 000 посдори сулҳи Созмони Милал хуруҷи нирӯҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнонро назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG