Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз қатъномаи Шӯрои Амният


Раҳбарони баъзе аз кишварҳои дунё қабули қатъномаи Шӯрои Амният мабнӣ ба қатъи ҷанг дар Ховари Миёнаро бо хушнудӣ истиқбол карданд. Аз ҷумла раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз қатънома ситоиш кард ва гуфт, ки ҳадафи он билофосила хотима додан ба ҷанг дар минтақа аст. Ӯ Сурияву Иронро ба он муттаҳам кард, ки ҷанги нохостаеро дар минтақа шурӯъ намудаанд.


Хавиер Солана сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, умедвор аст, Исроил ва Лубнон ин қатъномаро мепазиранд. Нахуствазири Бритониё Тонӣ Блейр низ бо истиқбол аз ин қатънома ба хотимаи билофосилаи ҷанг даъват кард. Муовини нахуствазири Исроил Шимон Перес гуфт, ки ин қатънома аз давлати яҳудиён пуштибонӣ мекунад.


Ва дигар ин ки Алваро Де Сото фиристодаи вижаи Созмони Милал дар Ховари Миёна гуфт, умедвор аст, нахустин гурӯҳи посдорони сулҳи Созмони Милал дар рӯзҳои наздик ба Лубнон эъзом хоҳанд шуд. Аммо гуфт ӯ, ҳанӯз ҷадвали замонӣ барои ирсоли нерӯҳо таъйин нашудааст.


Дар ҳамин ҳол фармондеҳи артиши Исроил Дан Ҳалутс имрӯз гуфт, ба хотири тақвияти амалиёти заминӣ дар Лубнон шумораи нерӯҳои Исроилро дар ин кишвар сечанд афзудаанд. Ӯ афзуд то замони иҷро шудани муқаррароти созиши оташбас Исроил амалиёташро қатъ намекунад. Ба гуфтаи фармондеҳи артиши Исроил, нерӯҳои кишвараш то замони ворид шудани посдорони сулҳи Созмони Милал ба минтақа дар Лубнон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG