Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон афви умумӣ эълон мекунад


Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 12 август гуфт, ки ба муносибати 15-умин солгарди истиқлоли ин кишвар афви умумӣ эълон мекунад. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов баъд аз имзои "Қонун дар бораи афв" онро барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод кардааст.


Бо даъвати вай рӯзи 17 август ҷаласаи фавқулъодаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд ва интизор меравад дар он тарҳи "Қонун дар бораи афв" баррасӣ шавад.


Дар баёнияи расмии давлати Тоҷикистон омадааст, ки асосан занон, маҳбусони бемор ва солмандон аз зиндонҳо раҳо хоҳанд шуд.


Дар бораи шумори афроди бахшудашуда чизе гуфта нашудааст. Давлати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки афви умумӣ дар таъмини суботи иҷтимоъӣ ва бозгашти зиндониён ба зиндагии сулҳомез мусоъидат мекунад. Дар зиндонҳои Тоҷикистон феълан беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG