Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти пайравони имоми кушташуда дар Қаросӯ


Ба гузориши бахши қирғизии родю Озодӣ, дирӯз садҳо тан аз муридони Муҳаммадрафиқ Камолов, имоми узбактабори муқими шаҳри Қаросӯи Қирғизистон ба нишони эътироз дар ин шаҳр таҷаммуъ карданд.


Оқои Камолов рӯзи 6 август дар ҷараёни амалиёти амниятӣ дар ҷануби Қирғизистон кушта шуд.


Мақомоти амниятии Қирғизистон шумори муътаризонро шашсад тан гуфтанд, дар ҳоле ки ба бароварди нозирони мустақил, теъдоди онҳо миёни 400 то 1000 нафар будааст.


Издиҳоми муътаризон бо нидои "Аллоҳу акбар!" шиъорҳои "Мардум ҳақиқат аст!" ва "Мо адолат мехоҳем!" ҳамл мекарданд. Онҳо аз мақомоти кишвар хостанд, ки иттиҳомоти марбут ба теруризмро, ки алайҳи Муҳаммадрафиқ Камолов матраҳ кардаанд, канор бигзоранд.


Мақомоти амниятӣ дар ибтидо гуфтанд, ки оқои Камолов, маъруф ба Рафиқ Қорӣ Камолиддин, аз аъзои созмони мамнӯъаи Ҷунбиши Исломии Узбакистон будааст. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки имом ва ду тани дигар, ки гуфта мешавад узви ин ҷунбиш будаанд, дар ҳоли тарҳрезии ҳамалоти теруристӣ дар Қирғизистон кушта шудаанд.


Аммо дар баёнияи сервиси амнияти миллии Қирғизистон, ки рӯзи 9 август мунташир шуд, ин фарзия тарҳ шуда, ки шояд оқои Камолов ба унвони "сипари инсонӣ" аз сӯи ду пайкорҷӯ истифода шуда ва тасодуфан кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG