Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такрори фалокат дар рустои осебдида


Панҷакент

Муҳаммадҷон Мӯмъинов раиси ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи лағшиши кӯҳпора дар деҳаи Бодгави ҷамоати Шинги ин ноҳия, як манзили истиқоматӣ, ки дар он се хонавода зиндагӣ мекардаанд, комилан вайрон шудааст. Вай афзуд, ин офати табиӣ, ҳафт хонаи дигар, хатти барқ ва роҳҳои деҳаро низ қисман хароб кардааст.


Аммо гуфт, Муҳаммадҷон Мӯъминов ягон нафар аз сокинони деҳа бар асари ин фалокати табиӣ осеб надидаанд.
Шарифмурод Камолиддинов як тан аз шоҳидони айнӣ аз деҳаи Бодгаҳ мегӯяд, кӯҳпораи азим чунон даҳшатбор ба деҳа фуруд омад, ки ҳамаи сокинон аз тарс ба кӯҳҳо фирор карданд:


"Ончунон ваҳшатнок лағжид, ки тамоми хонаҳо ларзид ва ҳама аз хоб бедор шуданд ва ба ҳар тараф фирор карданд. Ҳаракати кӯҳ идома дорад ва хонаҳо низ ҳамроҳи он мелағжанд. Агар ҳамин гуна идома кунад, мардум зиёни бисёр мебинанд, онҳо шабу рӯз хоб надоранд."


Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Панҷакент, барои рафъи авоқиби ин фалокати табиӣ дар рустои Бодгаҳи ноҳия, барои барқарории манзил, хатҳои барқу роҳҳои харобшуда, гурӯи наҷотбахш ба он ҷо фиристода шудааст. Гуфта мешавад, сокинони ин манотиқи барои зист номувофиқ ба маҳалли дигар кӯчонида мешаванд.


Соли гузашта бар асари омадани сел ба рустоҳои ҷамоати Шинг, аз ҷумла деҳаи Бодгаҳ чаҳор сокинони он кушта ва 500 хонавода аз манозили зист маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG