Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи муттаҳамон ба ҳамлаи маргбор


Додгоҳи низомии Суғд ба баррасии парвандаи 6 нафар сокинони устон, ки ба мусоидат дар ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум муттаҳам мешаванд, шурӯъ кардааст. Муслим Худойбердиев - додраси додгоҳи низомӣ гуфт, ба сокинони Исфара Хуршед Ғаниев ва Одил Валиев барои мусоидат дар ҳамла ба боздоштгоҳ ва фирори боздоштшуда Фаттҳулло Раҳимов иттиҳом эълон шудааст.


Ба гуфтаи вай, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилаи Қайроқум Шавкат Усмонов ва ду милисаи ин шӯъба, ки ба ҳамлаварон ғайриқонунӣ иҷозаи ворид шудан ба боздоштгоҳро додаанд, ба фаро рафтан аз ҳадди ваколатҳои муттаҳам мешаванд.


Дар қиболи яке аз милисаҳо, ки бар ивази панҷ сомонӣ ришва ба ин кор даст задааст, иттиҳоми ришвахорӣ низ сабт шудааст. Вале нафари шашум - муовини сардори яке аз қисмҳои низомӣ дар устони суғд Рустам Раҷабов, ки Ғаниев Хуршедро аз адои хизмати ҳатмии низомӣ озод кардааст, барои сӯистифода аз мақоми хидматӣ ба додгоҳ капшида шудааст.


Вале Абдухолиқ Одилов - вакили дифоъи Хуршед Ғаниев ва модари вай баъди мурофиа рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки иттиҳоми нисбати ӯ ва ҳамсинфаш Одил Валиев бепоя аст ва онҳо дар ҳамла ба боздоштгоҳ мусоидат накардаанд. Салима Ғаниева - модари Хуршед Ғаниев дар ин маврид гуфт:

«Инро маҷбуран ба гарданаш бор кардаанд. Гуфтаанд, ки ту ёрдам кардӣ. Аммо фарзанди ман ингуна корро накардааст.»


Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба боздоштгоҳи Қайроқум 25 майи соли равон бо кушта шудани сарвари боздоштгоҳ ва фирори боздоштшуда Фатҳулло Раҳимов анҷом ёфта буд. Ин нафар, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, ахиран дар вилояти Ӯши Қирғизистон зимни як амалиёти амниятӣ кушта шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG