Пайвандҳои дастрасӣ

Талош барои ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистон


<fhjn >cea]

Султонбой Ойҷигитов, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи ҷумъа (11 август) гуфт, роҳи аслии ҳалли мушкилоти манотиқи баҳсбарангези ноҳияи Ботканди Қирғизистон ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, кӯч додани қисме аз хонаводаҳо аз ин маҳаллот ба дигар манотиқ мебошад.


Ӯ дар шаҳри Душанбе гуфт, мушкили аслӣ он аст, ки ин маҳаллоти воқеъ дар қаламрави кишвари дигар, сераҳолӣ ҳастандва ин масъалаҳои марбути дастрасӣ ба замин, об ва дигар имконоти иқтисодиро пеш овардааст.


Ба қавли Султонбой Ойҷигитов маҳалли Ворӯхи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон нуфуси бисёр зиёд дорад ва бо иллати нокифоятии замин онҳо саъй мекунанд, заминҳои Қирғизистонро соҳиб шаванд:


"Албатта, кӯч додани хонаводаҳо аз ин маҳалли зист мушкили Тоҷикистон аст, вале ман мехоҳам, ҳамсоякишвари худро мутаваҷҷеҳ созам, ки чунин мушкил вуҷуд дорад. Аз он ки дар ин маҳалли зист теъдоди сокинонро афзоиш медиҳед, барои ин мардум хоҳиши ба даст даровардани минтақаҳое пайдо мешавад, ки шомили қаламрави Қирғизистон аст."


Ин дар ҳолест, ки Муҳиба Ёқубова, раиси шаҳри Исфара мегӯяд, минтақаи Ворӯх бар асоси марзбандии замони шӯравии собиқ ҳудуди Тоҷикистон буд, ҳамчунин бозёфтҳои таърихии дар ин минтақа кашфшуда, ки таърихи ҳазорсола дорад, далели маҳалли тоҷикнишин будани минтақаи мазкур мебошад. Вале феълан чун ин минтақа баҳсбарангез аст ва марзбандӣ нашудааст, бар асоси як санади ҳусни тафоҳум аз соли 2000 дар ин минтақа бунёди манзил ва ё дигар иншооот мамнӯъ эълон шудааст:


"Ягон кас имрӯз ҳаққи азхудкунии ин заминҳо баҳснокро надорад. Баръакс дар баъзе маворид аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон сохтмон дар ин заминҳо, азхудкунии заминҳо, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ сурат мегирад, ки мо ҷиҳати ин масъала ба раиси ноҳияи Ботканд, мақомоти масъули Тоҷикистон Қирғизистон мактуб ирсол кардаем."


Масъалаи марзбандӣ яке аз масоили баррасишавандаи ҷаласаи шашуми байниҳукуматиии Тоҷикистону Қирғистон буд, ки таи се рӯз дар Душанбе идома мекунад. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуда ва интизор меравад чанд санад ба имзо бирасад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG