Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози тоҷикон аз ҳукми додгоҳи Русия


Назари Мирзода, раиси созмони тоҷикони муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки ҳамроҳ бо падару модари Хуршеда Султонова аз ҳукми додгоҳи олии Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо шикоят хоҳанд кард:

"Ҳатман ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо шикоят мекунем. Иттиҳодияи тоҷикони Санкт-Петербург аз ин ҳукм норозӣ аст ва мо бо падару модари Хуршеда Султонова вохӯрӣ кардем ва аз ин ҳукм онҳо ҳам норозӣ ҳастанд."

Аз ҳукми додгоҳ, ки кушандагони кӯдакро танҳо авбош унвон кардааст, академик Сергей Арутуюнов аз бахши қавм ва ихтилофшиносии фарҳангистони улуми Русия интиқод кард.

Вай бо тамасхур гуфт: "Чӣ аҷаб авбошие, ки мунҷар ба ҳалокати тифл шудааст."

Донишманд афзуд: "Русия феълан аз бодаи бегонаситезӣ сармаст аст. На танҳо муҳоҷирон, балки ҳамаи онҳое, ки чеҳраи ғайриславянӣ доранд, ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Пулис ҳам дар ин кор шарик аст, дар ҳоле ки нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ ҳеҷ гоҳ хоси мардуми рус набудааст."

Ҳамзамон намояндаи порлумони шаҳри Санкт-Петербург Игор Риммер, муаллифи қонуни равобити байнимиллӣ ҳукми додгоҳро шикасти бозрасӣ ва додситонӣ номидааст. Вай аз мақомоти кишвараш даъват кардааст, ба ташкили гурӯҳбандиҳои ҷавонони бегонаситез аксуламали сареъ нишон бидиҳанд.

Муовини раиси Ҳизби нирӯҳои рости Русия Леонид Гозман аз парвандаи куштори Хуршеда берун андохтаи қазияи «адовати миллӣ» - ро аломати нигаронкунада гуфтааст. Намояндаи ҳуқуқи башар Владимир Лукин эълом кардааст, сафед кардани қотилон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳайъати мунсифаи додгоҳӣ дар Русия нокомил аст.

Дар робита ба қарори додгоҳи олӣ, ки ҳукми додгоҳи Санкт- Петербург дар қиболи муттаҳамони куштори Хуршедаи нӯҳсоларо бетағйир боқӣ гузошт, тайи ду рӯз дар Русия наздик ба 120 гузориш интишор шудааст. Бахши аъзами гузоришот зери сарлавҳаи «қотилони духтарбачаи тоҷикро авбош эътироф карданд», чоп шудаанд.
XS
SM
MD
LG