Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Нурӣ, ҳукми генерал ва донишгоҳҳои бедонишҷӯ


Аксари нашрияҳо аз фавти раиси Ҳизби Наҳзат, раҳбари нирӯҳои мухолифини собиқи тоҷик, раиси Кумиссиюни Оштии Миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, хабар додаанд. Нашрияи «Миллат» аз оғои Нурӣ ба унвони яке аз шахсиятҳои фавқулодда ва истисноии таърихи муосири Тоҷикистон ном бурда, навиштааст, ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 9 август дар соати 15 сивупанҷ дақиқа дар манзили иқоматиаш аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Азия Плюс» навиштааст, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ду соли ахир сахт мариз буд ва дар Олмон ҷарроҳии мушкилро аз сар гузаронд. Ба навиштаи муаллиф, оқои Нурӣ дар лаҳзаҳои ахирини ҳаёт, муовини худ, Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро, ки низ сахт мариз аст, даъват кардааст. Вале онҳо дар ин лаҳазоти ахири умри устод дар кадом маврид сӯҳбат кардаанд, ошкор нест.

«Азия Плюс» оқои Нуриро ба унвони яке аз ду фарзандони миллати тоҷик ном бурдааст, ки бо заҳмати онҳо дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шуд.

Аммо мавзӯи дигаре, нашрияҳо ба он пардохтаанд, интиҳои баррасии парвандаи Ғаффор Мирзоев аст. Дар зимн «Миллат» зиндагиномаи оқои Мирзоевро дар матлаби «Ғаффор «седой» дар интизори ҳукми додгоҳ вақт мешуморад» навиштааст: «Дар поёни мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев, додситон Юсуф Раҳмонов аз додгоҳ тақозо кард, то ба айбдошаванда ҳукми қатл дода шавад. Вале чун дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл мораторий эълон шудааст, гумон меравад, ки ба генерали зиндонӣ ҳабси абад эълон шавад».

Вале нашрияи «Тоҷикистон» аз сафари панҷрӯзаи расмии Эмомалӣ Раҳмонов, ба Ҳиндустон хабар дода навиштааст, «дар мулоқоти васеъ оид ба зарурат ва имконоти ба роҳ мондани ҳамкории бунёди иқтисодӣ, ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳоти илму илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг сарвазири Ҳиндустон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Ва дар зимн ба чанд тавофуқ расиданд»


Дар ҳамин ҳол «Тоҷикистон» ҳамчунин хабар додааст, ки дар ростои шуруи соли нави таҳсил дар Тоҷикистон чаҳор ҳазор донишҷӯ аз донишкадаҳо хориҷ шуда ва дари чаҳор мактаби олӣ барои қабули донишҷӯён баста шуд. Нашрия менависад: «Бо қарори ҳайъати мушовараи вазорати маориф қабули довталабонро дар чаҳор муассисаи олии таълимӣ, Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи муосири гуманитарии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Хуҷанд, филиали Осиёи марказии Донишгоҳи нави Русия дар шаҳри Хуҷанд, қатъ гардид ва садҳо омӯзгорону олимони варзида аз ҷои кор маҳрум шуданд.»


Ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон посухи шаҳрдории Душанбе дар мавриди дархости ин ҳизб ҷиҳати баргузор кардани гирдиҳамоӣ алайҳи бомбборон шудани Лубнонро ба чоп расонидааст, ки дар ин нома онҳо аз шаҳрдорӣ ҷавоби рад гирифтаанд. Аммо «Наҷот» дар ин шумора аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҳизбе, ки нашрия моли он аст, хабаре нашр накардааст.

Ба гуфтаи масъулин нашрия соате қабл аз марги устод нашр шудааст ва онҳо имкони нашри ин хабарро надоштаанд. Вале «Наҷот» дар мавриди марги оқои Нурӣ нашри вижааеро бо санаи имрӯз дубора чоп ва дар миёни издиҳоми мардум ройгон паҳн кард. Ин шумора комилан ба фаъолияти сиёсӣ ва зиндагии Саид Абдуллоҳи Нурӣ бахшида шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG