Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Бритониё номи муттаҳамонро эълом кард


Бонки Марказии Бритониё номи 19 нафар муттаҳамро, ки гумон меравад, саъй доштаанд, ҳавопаймоҳои хатти сайри Бритониё-Амрикоро мунфаҷир кунанд, эълом кард. Бонки Бритониё бо нашри як баёния рӯзи ҷумъа, 12 август гуфт, ки ҳисобҳои бонкии ин афродро мунҷамид кардааст. Аксари муттаҳамон 20 сол доштаанд, вале ҳуввияти миллии онҳоро ошкор накардаанд.


Қабл аз ин баёния мақомоти Покистон гуфтанд, чанде пеш ҳафт нафар аз ҷумла ду бритониёии зодаи Покистонро бо иттиҳоми даст доштан дар тарҳрезии он амалиёти терруристӣ боздошт кардаанд.
То кунун дар маҷмӯъ 24 нафар дар Бритониё дар боздошт ҳастанд ва фурудгоҳҳои бисёре аз кишварҳои дунё тадобири амниятиро шиддат бахшидаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ дастандаркорони ҳамла мехостаанд, маводи мунфаҷираи моеъро дар дохили зарфҳои шишагӣ вориди ҳавопаймоҳои мусофирбар кунанд.
XS
SM
MD
LG