Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш даста - муддаъии Ҷоми футболи Тоҷикистон


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар тими мизбон - «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кард. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ дар меҳмонӣ дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб сохт. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Вале тимҳои «Ҳисор»-и Ҳисор ва «Саройкамар»-и Панҷ аз рақобат дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ даст кашиданд. Бинобар ин рақибонашон - «Хима»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар дидори аввал пирӯз шудаанд, дар марҳалаи севвум ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин ба иллати ширкат накардани дастаи «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ рақибаш - тими «Энергетик»-и Душанбе ғолиб дониста шудааст. Боз як даста - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ бидуни ширкат дар марҳалаи дуввум ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтааст.

Бад-ин тартиб панҷ тими лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал - «Энергетик» муборизаро барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2006 идома хоҳанд дод. Дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи 29 август «Парвоз» бо «Энергетик» ва «Хуҷанд» бо «Вахш» рақобат мекунанд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 2 сентябр баргузор мешаванд. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Хима» бидуни ширкат дар марҳалаи севвум ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд.

«Регар» ТадАЗ бо ғолиби ҷуфти «Парвоз» - «Энергетик» ва «Хима» бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд» - «Вахш» зӯрозмоӣ мекунанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ рӯзи 26 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 30 сентябр барпо мешаванд. Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2006 рӯзи 5 октябр дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG