Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти як гурӯҳи занонро дар Душанбе пароканда сохтанд


Рӯзи панҷшанбе мақомот дар пойтахти Тоҷикистон аз талоши як гурӯҳи занон, ки мехостанд тазоҳуроти эътирозӣ барпо кунанд, ҷилавгирӣ карданд. Ин мардум мегӯянд, мақомоти маҳаллии ноҳияи Синои пойтахт бидуни огаҳӣ ва бидуни таҳияи шароити муносиб барои онҳо, сохтмони хобгоҳеро, ки онон бо аҳли хонаводаи худ дар он ба сар мебурданд, ба фурӯш задаанд. Ин хобгоҳ қаблан ба вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон тааллуқ дошта ва соли 1988 сохта шудааст.


Бошандагони ҳамакнун собиқи ин хобгоҳ мегӯянд, талоши онҳо барои расидагии мунсифона ба ҳоли 130 хонаводае, ки солҳо дар ин макон ба сар бурдаанд, то кунун номуваффақ будааст ва онҳо танҳо илоҷро дар даст задан ба тазоҳурот дар рӯбарӯи Қасри раёсати ҷумҳурӣ дидаанд. Эътирозгарон мегӯянд, сарони ин 130 хонавода ҳар кадом собиқаи тӯлонии кор дар сохторҳои вазорати иқтисод ва тиҷоратро доштаанд ва акнун бо аҳли оилаҳои худ дар кӯча ва бидуни сарпаноҳ мондаанд.


Дар пайи пароканда сохтани тазоҳурот эътирозгарон роҳии сохтмони кумитаи давлатии зан ва оила шуданд. Мақомоти ин кумита мегӯянд, аризаи шикоятии ин гурӯҳи занонро акнун дар даст доранд ва аз Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон хоҳанд хост, ки ба ин қазия расидагӣ кунад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG