Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирии Бритониё аз ҳамлаҳои нави террористӣ


Бритониё мегӯяд, афродеро боздошт кардааст, ки ғолибан ба таҳияи ҳамалоти террористӣ дар ҳавопаймоҳои мусофирбар омодагӣ мегирифтанд. Пулиси Бритониё рӯзи панҷшанбе дар бораи боздошти 24 нафар хабар дод ва бидуни ифшои ҳуввият ва миллияти боздоштшудагон гуфт, ки онҳо мехостанд маводи мунфаҷираро дар даст ба дохили ҳавопаймоҳое намоянд, ки байни Бритониёву Амрико парвоз мекунанд.

Ҷон Рейд, вазири умури дохидаи Бритониё мегӯяд: "Пулис дар ҳамкорӣ бо хадамоти амниятӣ дишаб як амалиёти азими зиддитеррористиро ба анҷом расонид. Дар натиҷа чанд нақшаи ҳамла ва инфиҷори ҳавопаймоҳо хунсо карда шуд. Дар сурати амалӣ шудани ин нақшаҳо, шумори зиёде аз мардуми мулкӣ кушта мешуданд."


Бритониё ба думбол мизони хатари амниятиро дар кишвар ба дараҷаи олӣ боло бурда ва бисёре аз парвозҳо аз фурудгоҳҳои Бритониё дар пай мутаваққиф шудаанд. Мусофирони фурудгоҳҳои Бритониё акнун иҷозат надоранд, ки ба ҷуз аз баъзе чизҳои хеле зарурӣ, аз қабили дорувор, дар даст бағоч дошта бошанд. Ҳатто шири кӯдак бояд аз сӯи соҳибаш дар пеши чашми полис чашида шавад.


Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, мақомоти иктишофии ин кишвар дар амри ҷилавгирӣ аз ҳамалоти нави террористӣ бо ҳамтоёни бритониёии худ ҳамкорӣ кардаанд. Сухангӯи ин вазорат Тасним Аслам нақши кишвараш дар ифшо ва хунсо кардани шабакоти байналмилалии террористӣ фавқулодда муҳим хонда гуфт, дар Покистон низ дар чанд рӯзи охир чандин гумонбар дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG