Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаҳои маҳофили сиёсии Суғд доир ба Абдуллоҳи Нурӣ


Соҳибназарон ва сиёсатмадорони Суғд аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шахсияти сиёсатмадоре ёдоварӣ мекунанд, ки бо имзо дар зери созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, аз ҷониби нирӯҳои мухолифини тоҷик дар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории оштиву сулҳ дар Тоҷикистон хидмати воқеан шоиста ва таърихӣ аз худ ба ёдгор гузошт.

Ҷумъабой Ниёзов - иҷрокунандаи раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон, яке аз ширкатгарони музокироти сулҳи тоҷикон мегӯяд:

«Таҳаммулпарастии устод Нурӣ буд, ки сулҳи тоҷикон ба даст омад ва имрӯз мо аз меваҳои он мечашем. Он хизмате, ки устод Нурӣ барои халқи тоҷик кардаанд, набояд фаромӯш шавад. Ман шоҳиди як суханронии устод Нурӣ дар назди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Қундузи Афғонистон будам. Он кас гуфтанд, ки зарурати боло мондани идеали миллиро аз идеали динӣ мебинанд, бояд хоки ватанро нигоҳ дорем ва якпорчагии онро таъмин кунем. Ин буд бузургии шахси рӯҳоние, ки зарурати якпорчагии миллату давлатро болотар аз ғояҳои динии худаш медонист.»

Дар замоне ки ҷанги шаҳрвандӣ, аз соли 1992 то миёнаи соли 1997 минтақаи ҷануби шарқии Тоҷикистонро ба коми худ кашида буд, ба манотиқи ҷангзада садҳо ҷавонони суғдӣ низ бо даъвати ҳукумати вақт «барои барқарории сохтори конститутсионӣ» фиристода мешуданд.

Дар он давра хатари он буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла ба шимоли ин кишвар доман занад. Аммо имзои созишномаи сулҳ Тоҷикистонро аз фурӯ рафтан ба ин вартаи харобӣ берун кашид. Бобоҷони Икром - журналисти шинохтаи Суғд аз як иқдоми ҷиддии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар марҳилаи имзои созишномаи сулҳ чунин ёдовар мешавад:

«Ман дар бораи шодравон - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз як боздиди худ дар моҳи феврали соли 1997 дар шаҳри Истамбули Туркиё ёд мекунам. Мақсади ниҳоии ин мулоқот дарёфти ризояти ҷониби мухолифин барои баргузории даври ба имзорасии созишномаи сулҳ дар Маскав буд, на дар шаҳри Теҳрон, чунонки ҷониби оппозитсиюн мехост. Раҳбарияти нирӯҳои оппозитсиюн бо назардоштион ки Ирон ба раҳбарияти мухолифин, бахусус гурезаҳои тоҷик кӯмакҳои зиёди моддӣ расонида, барои ба сулҳ расидани ҷонибҳо низ хидматҳои зиёд карда буданд, мехост, ки созишномаи истиқрори сулҳ маҳз дар Теҳрон ба имзо расад. Дар вохӯрӣ аз ҷониби нирӯҳои мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода иштирок доштанд. Мо се рӯз суҳбат доштем ва дар ниҳоят бо дастгирии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ он ҷониб барои баргузор шудани он маъракаи тақдирсоз барои тоҷикон дар шаҳри Маскав ризоят дод. Бо нақли ин ҳодиса гуфтаниам, ки дар роҳи даст ёфтан ба сулҳи саросарии тоҷикон заҳматҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ба гоҳе ба гузаштҳо ризо мешуданд, хеле шоиста ва таърихӣ аст.»

Аммо ба назари Тоҳири Абдуҷаббор донишманди тоҷик он чӣ Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар байни дигар сиёсатмадорони исломии Тоҷикистон ихтисос медиҳад, дурӣ аз тааасуби мазҳабӣ ба хотири ҳимоят аз манофеъи Тоҷикистон буд:

«Оқои Нурӣ як марди ботамкин ва дурандеш буд, касе буд, ки аз таассубу тангназариҳо хеле дур буд. Марде ки болотар аз ин чизҳо буд. Ва хуб дарк мекард, ки манофеъи миллии Тоҷикистон чӣ ҳаст ва барои расидан ба ин ҳадафҳои бояд чӣ гуна рафтор кард. Дар моҷарое, ки дар солҳои навади асри гузашта дар Тоҷикистон гузашт, аз оғоз ҳадафи оқои Нурӣ ва ҳамфикрони ӯ ин буд аслан ин моҷаро набошад, аммо чун бидуни ихтиёри онҳо оғоз шуд, кӯшиш мекарданд ба он хотима дода шавад. Дар чанд суҳбате, ки бо он кас доштам, афсӯс мехӯрданд аз ҳодисаҳое, ки ба сари халқи тоҷик омад ва дар садади он буданд ҳар ҷи зудтар он хотима дода шавад, дар Тоҷикистон оромиву осоиш ҳукфармо шавад, мардуми муҳоҷир баргашта биёянд ва ба зиндагии осоиштаву кору бори худ машғул шаванд. Ман яқин дорам, ки ин ҳадафи олии Абдуллоҳи Нурӣ буд.»

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз дафтари намояндагии Ҳизби Наҳзат дар вилояти Суғд гуфтанд, ки ҳама сарони бахши вилоятӣ ҷиҳати иштирок дар дафни Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба шаҳри Душанбе сафар кардаанд. Нӯъмон Очилов - котиби дафтари вилоятии ҳизб афзуд, ин рӯзҳо қадами остонаи дафтари намояндагии вилоятӣ аз ихлосмандони Абдуллоҳи Нурӣ, ки барои таъзия ва тассалият ба ин ҷо меоянд, канда нест.
XS
SM
MD
LG