Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири зиндагии ваҳшатноки муҳоҷирони тоҷик


Гузориши мазкурро як кумиссиёни муташакил аз намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, порлумони Русия ва муҳофизони ҳуқуқи башар пас аз омӯзиши вазъи муҳоҷирони тоҷик дар моҳи июл таҳия кардааст.

Алексей Овечкин, дастёри намояндаи Думаи Русия Виктор Черепков, ки дар ҳайъати кумиссиюн аз 1 то 30 июл дар 28 бозор ва сохтмон бо тоҷикони муҳоҷир мулоқот доштааст мегӯяд:

"Муҳоҷирони тоҷик мисли ғулом зиндагӣ доранд."

Ба гуфтаи вай, танҳо дар бозори Черкизи Маскав 17 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд: «Даҳ ҳазори нафари онҳо дар таҳхонаҳо, рӯи бомҳо ва кӯчаҳои бозор ба таври доимӣ, дар бадтарин шароити беҳдоштӣ зиндагӣ мекунанд. Чунин вазъи ғуломонаро соҳибони бозор ҳисобшуда ташкил кардаанд. Онҳо аз ҳар муҳоҷир барои хобидан дар бозор то 140 рубл меситонад.»

Кумиссиюн вазъи 2500 шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳалли қабристони Хованскии вилояти Маскавро бисёр бад арзёбӣ кардааст. Дар гузориши кумиссиюн омадааст:

«Муҳоҷирони тоҷик дар дохили қабристон дар хонаҳои картонӣ зиндагӣ ва дар корхонаи коркарди дубораи зубола кор мекунанд. Ҳар саввумӣ ба бемориҳои уфунӣ ва пӯст гирифтор аст. Аксари онҳо ду сол боз ба ватанашон нарафтаанд. Онҳоро соҳибкорон ба шарте ба кор гирифтаанд, ки тайи ду сол музди кор талаб накунанд. Дар ширкати сохтмонии «Юниформстрой» 113 шаҳрвандони Тоҷикистон тайи ҳафт моҳ ҳаққи кор гирифта наметавонанд. Дар чандин корхонаҳои дигар вазъ ҳамин тавр аст.»

Шаст нафар аз муҳоҷирон ба аъзои кумиссиюн хабар додаанд, ки пулис аз онҳо то 3000 рубл, муъодили 110 доллар ба истилоҳ «ҷарима» гирифтааст. Онҳо гуфтаанд, баъзе аз кормандони пулиси Маскав муҳоҷирини тоҷикро ба тӯҳмати фурӯшандаи маводи мухаддир метарсонад ва пулашонро кашида мегиранд.

Дигар аз мушкилоте, ки кумиссиюн ошкор кардааст, бесаводии худи муҳоҷирон аст. Бино ба гузориш, 90% муҳоҷирон навишта ва 70 дар сади онҳо хонда наметавонад, на ба забони русӣ, на ба забони тоҷикӣ.

Ба гуфтаи Кароматуло Шарифов, райиси созмони «Тоҷикдиспора» имтиҳони сад муҳоҷири тоҷик ҳамин натиҷаро нишон дод. Дар ҳамин ҳол узви кумиссиюн аз намояндаи ҳуқуқи башари Русия Валерий Габисов бар он аст, ки сабаби асосии мушкилоти бардавоми муҳоҷирони тоҷик адами сиёсати равшани муҳоҷирати байни Русия ва Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG