Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти теннисбози ҷавони тоҷик дар Ҳиндустон


Дилшод Шарифӣ, теннисбози ҷавони тоҷик дар мусобиқaи байнулмилалӣ дар Ҳиндустон як пирӯзӣ ба даст оварда, дар як дидор мағлуб гашт.

Вай дар аввалин дидори худ бар теннисбози ҳинду бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард, вале дар бозии дуввум аз теннисбози амрикоӣ бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд. Бад- ин тартиб Дилшод аз ҳуқуқи идомаи мубориза дар мусобиқаи аввал маҳрум шуд. Теннисбози ҷавони тоҷик дар мусобиқаи дигари байнулмилалӣ дар Ҳиндустон, ки рӯзи шанбеи 12 август шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Нахустин бозии дастаи футболи навҷавони «Энергетик»-и Душанбе бо тими мактаби футболи «Пахтакор»-и Тошканд бо натиҷаи мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфт.

Ин дидор дар чорчӯби мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи аъзои дастаи машҳури футболи «Пахтакор-79», ки дар пойтахти Узбакистон ҷараён дорад, баргузор шуд. Мусобиқаи мазкур бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст. «Энергетик» дар бозии дуввуми худ дар гурӯҳи «А» бо тими мактаби махсуси футболи шаҳри Ишқободи Туркманистон рақобат мекунад. Воқиъан, футболбозони навҷавони туркман дар аввалин дидори худ аз тими мизбон - «Пахтакор» бо натиҷаи 0 бар 5 шикаст хӯрданд. Дар гурӯҳи «В» тими мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии футболи Тошканд бозиро бо дастаи мунтахаби навҷавони Қирғизистон бо натиҷаи 1 бар 1 анҷом дод. Бозии ниҳоӣ ва маросими пӯшидашавии ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар рӯзи ёдбуди тими «Пахтакор-79» - 11 август дар варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG