Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Васияти Нурӣ иҷро нашуд


Бархилофи васияти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва тибқи посухи мақомоти расмии Тоҷикистон, ҷасади ӯ на дар ҳаволии масҷиди Мавлоно ва ё манзили худи ӯ, балки дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.


Дар ҷаноза ва дафни ӯ зиёда аз ҳашт ҳазор нафар ширкат кард. Намози ҷанозаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе, 10 август, дар саҳни Масҷиди Имом-ал-Бухорӣ бо имомати Қорӣ Муҳаммадҷон, писари аршади Нурӣ баргузор гашт.


Дар расми видоъ Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Муҳаммадсайид Убайдуллоев, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ, ноиби дигари раиси ин ҳизб Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ Зокирҷон Вазиров аз шахсият ва корномаи устод Нурӣ ёдовар шуданд.


Ҷаноби Убайдуллоев изҳори тасаллияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро қироат кард ва Сайид Абдуллоҳи Нуриро як шахсияти беназиру саҳми ӯро дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон таърихӣ номид. Убайдуллоев гуфт, "Нурӣ ҳамеша аз сиёсати президенти кишвар пуштибонӣ мекард."


Ноиби аввали раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ гуфт, "раҳбарияти ин ҳизб ба сароҳат эълон мекунад, ки аъзои он агар ба хотири устод дар суфуфи ҳизб буданд, устод дигар нест, аммо агар ба хотири имон, ватан ва миллат, инҳо ҳастанд ва то қиёмат хоҳанд буд". Вай аъзои ҲНИТ-ро ба якпорчагӣ ва субот дар идома додани кору роҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ даъват кард.

Ва сафорати Амрико дар Душанбе дар вокунишаш ба хабари марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтааст, ки ин хабарро бо таассуфи амиқ пазируфта ва ба ҲНИТ ва аҳли хонаводаву наздикони марҳум изҳори таслият мекунад. Сафорати Амрико дар номаи таъзияаш аз саҳми, ба гуфтаи сафорат, бузурги Нурӣ дар амри истиқрори сулҳи Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ тавсиф кардааст.
XS
SM
MD
LG