Пайвандҳои дастрасӣ

Роғунро дар ниҳоят кӣ хоҳад сохт: РусАл ё Русия?


Бо вуҷуди афзоиши бамаротиби талаботи мардум ва корхонаҳо ба нирӯи барқ дар 20 соли охир дар Тоҷикистон ҳеҷ як нирӯгоҳи бузург сохта нашудааст ва мушкили таъмини барқ аз умдатарин мушкилоти истода дар пеши иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад. Чанд сол аст, ки Тоҷикистон дар мавсими тобистон наметавонад содироти нирӯи барқаш ба Қазоқистону Русия тавассути шабакаҳои интиқоли нирӯи барқи Узбакистонро ба роҳ андозад. Тошканд дар ин маврид ҳар дафъа ба ниҳояти имконоти худ кор кардани шабакоти интиқоли нирӯи барқаш дар фасли тобистонро далел меорад.

Дар мавсими зимистони гузашта бо вуҷуди ваъдаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов, ки мегуфт, ба аҳолӣ дар шабонарӯз дасти кам 10 соат нирӯи барқ хоҳанд дод, тавзеъи нирӯи барқ бо 3-4 соат дар шабонарӯз маҳдуд монд.
Хушк омадани соли ҷорӣ боис шуд, ки сатҳи об дар банборҳои нирӯгоҳҳои Тоҷикистон аз меъёр пойин шавад ва ба ин иллат лимити нирӯи барқ то моҳи август бардошта нашуд.

Бо он ки кор дар сохтмони ду нирӯгоҳи Сангтӯда бо суръати ҳанӯз кунд, вале ба ҳар сурат шурӯъ шудааст, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бидуни сохта шудани нирӯгоҳи Роғун таъмини ҳама ниёзмандиҳои кишвар бо нирӯи барқ ғайримумкин аст. Аммо бо он ки аз имзои созишномаи сохтмони ин нирӯгоҳ байни давлати Тоҷикистон ва ширкати "Русский Алюминий" инак тақрибан 1 соли 10 моҳ мегузарад, корҳои амалӣ дар Роғун метавон гуфт то ҳол шурӯъ нашудаанд. Абдуллоҳ Ёров, вазири энержии Тоҷикистон мегӯяд, баҳси онҳо бо ширкати РусАл бар сари баландии сарбанди Роғун ва шеваи бунёди ин сарбанд аст. Тоҷикистон, қарори маълум, мехоҳад баландии сарбанд 335 метр бошад.

Ширкати РусАл, ки барои бунёди нирӯгоҳи Роғун 600 миллион доллар ваъдаи сармоя кардааст, ба хотири анҷоми ташхиси иқтисодии ин лоиҳа ширкати олмонии "Ламайер"-ро ҷалб кард. Дар охирин иҷлоси кумиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия дар моҳи апрел бо пешниҳоди Душанбе қарор шуд, ки натоиҷи таҳаққуқоти ширкати "Ламайер" аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ муҷаддадан ташхис шавад.

Баҳс тавре гуфтем боз ҳам бар сари баландии сарбанд ва шеваи сохтмони сарбанди нирӯгоҳи Роғун аст, ки Душанбе мехоҳад аз гилухоку санг, вале Русал бар пояи хулосаҳои "Ламайер" мехоҳад аз бетон сохта шавад.
Дар ду ҳафтаи пеш ҷараёни иҷрои барномаи бунёди нирӯгоҳи Роғун дар як гуфтугӯи телефонӣ байни руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин баррасӣ шуда ва рӯзи 2 август ҳамин масъаларо оқои Путин дар мулоқоте бо раҳбари ширкати "Русский Алюминий" Олег Дерипаска дар байн гузоштааст. Мавриди таваҷҷӯҳи раҳбарони аввали ду кишвар қарор гирифтани мавзӯъ сарусадоҳоеро ҳам баланд кард, ки эҳтимолан ширкати "Русский Алюминий" аз барномаи бунёди нирӯгоҳи Роғун берун шавад ва таъмини молии сохтмонро аз ин баъд мустақиман худи давлати Русия бар ӯҳда бигирад.

Аммо воқеъияти ҳол чист ва оё эҳтимоли тарки бозори Тоҷикистон кардани РусАл то куҷо дуруст аст. Гуфтугӯро бо сухангӯи ширкати Русский Алминий дар Тоҷикистон Александр Касаткин аз ҳамин суол шурӯъ кардем.

Александр Касаткин: "Хуб, ман чӣ гуфта метавонам дар ин бора? Мо ба ҳайси як ширкати маъмулӣ овозаҳоро ташреҳ намекунем. Шурӯъи сохтмони Роғун ба нафъи ҳамагон аст ва ҳарчӣ зудтар агар сохта шавад, ҳамон қадар зудтар нирӯи барқ ба даст хоҳад омад. Ширкати РусАл дар ҳоли ҳозир ба таври фаъолона машғули корҳои омодагӣ дар шаҳри Роғун аст ва ҳаҷми сармоягузориҳо ба сохтмони Роғун то поёни соли ҷорӣ 50 миллион долларро ташкил хоҳад дод."

Бозори Озодӣ: Аммо матбуот ахиран дар бораи вуҷуди ихтилофи назар байни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати РусАЛ бар сари наҳви бунёди нирӯгоҳи Роғун, аз ҷумла бар сари баландии сарбанд ва ин ки сарбандро бояд аз сангугил сохт ё аз бетон, зиёд менависад?..

Александр Касаткин: "Дар матбуоти тоҷик баёнияҳое нашр шуд, ки РусАЛ мехоҳад баландии сарбанд 170 метр бошад, ё 180 метр ё 280. Ин арқом аз гузориши ширкати олмонии "Ламайер" ба Шӯрои фаннии Тоҷикистону Русия гирифта шудаанд. Воқеъият ин аст, ки РусАЛ аз пеши худ ҷонибдори кадом баландии мушаххаси сарбанд нест, балки ҳамон баландиеро, ки мутахассисони соҳа або дарназардошти натоиҷи ташхиси фанниву иқтисодии лоиҳа пешниҳод кунанд, мепазирад ва сарбанди Роғунро тибқи он хоҳад сохт. Дар мавриди бунёди чунин лоиҳаҳои бузурги бавижа гидроэнержӣ масъалаи амнияти сарбанд дар мадди аввал қарор мегирад. Бахусус дар Тоҷикистон, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ як минтақаи зилзилахез ба шумор меояд. Ҳар як сарбанде ки сохта мешавад, бояд пеш аз ҳама амнияташ таъмин шавад."

Бозори Озодӣ: Ва аммо нақши Бонки Ҷаҳонӣ, ки низ ба ин барнома ҷалб шудааст, аз чӣ иборат мебошад?

Александр Касаткин: "Дар иҷлосияи кумиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия дар моҳи апрел муштаракан қарор шуд, ки Тоҷикистон ба хотири арзёбии ташхиси фанниву иқтисодие, ки ширкати олмонии "Ламайер" анҷом дод, Бонки Ҷаҳониро ҷалб мекунад. Аммо мутаассифона, мо намедонем, ки вазъ дар ин робита дар кадом ҳол қарор дорад, чунки мо то кунун се дафъа ба он мақомоти Тоҷикистон, ки бояд Бонки Ҷаҳониро ба ин лоиҳа ҷалб мекарданд, се дархост фиристодем, ки кор то куҷо расидааст. Вале мо то кунун посухе аз он ҷониб нагирифтаем ва аз ин рӯ ҳатто намедонем, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ин робита чӣ қароре қабул кардааст. Намедонем, ки оё Бонки Ҷаҳонӣ аз арзёбии кори ширкати "Ламайер" ба далели эътибори он ширкат худдорӣ варзида ва ё худи ҳукумати Тоҷикистон аз ҷалби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ даст кашидааст. Дар ин масъала мо хостори шаффофияти бештарем. Ба сурати умум, мо тарафдорем, ки Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси фанниву иқтисодии лоиҳаро арзёбӣ кунад. Аммо аз сӯи дигар, ин тасвиби қарори ниҳоӣ дар бораи шурӯъи сохтмонро ба тӯлтар хоҳад кашид, ки на ба фоидаи Русия аст ва на ба фоидаи Тоҷикистон."

Бозори Озодӣ: Аммо кор дар робита ба дигар лоиҳаи бузурги РусАЛ дар Тоҷикистон - бунёди корхонаи нави алюминсозӣ дар вилояти Хатлон то имрӯз ба куҷо расидааст?

Александр Касаткин: "Бидуни қайдушарт дар ҳоли ҳозир дар бораи сохтани корхонаи нави алюминсозӣ сӯҳбат кардан барвақт аст. Ширкати РусАЛ қодир ҳаст чунин корхонаро бо истифода аз ҳама фанновариҳои лозими муосир дар зарфи ҳамагӣ 18 моҳ бино кунад. Вале як омили муҳим барои таъмини фаъолияти корхонаи алюминсозӣ нирӯи барқ аст ва то замоне ки нирӯгоҳи Роғун сохта нашавад, мо фикри шурӯъи сохтмони корхонаи нави алюминсозиро нахоҳем кард."

Оқои Касаткин дар идомаи сӯҳбаташ ба хусусигардонии корхонаи алюминсозии Турсунзода, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доштани ширкати "Русский Алюминий"-ро низ таъйид кард, вале гуфт, тасмим дар бораи ба маърази хусусигардонӣ гузоштан ё нагузоштани ТадАЗ-ро бояд ҳукумати Тоҷикистон бигирад.
Дар марҳалаи ҳозир, афзуд оқои Касаткин, масъалаи бозсохти ТадАЗ матраҳ аст ва РусАЛ дар барномаи бозсохти ин корхона мушорикат хоҳад кард. РусАЛ барои сохтмони корхонаи нави алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон 600 миллион ва барои бунёди ду коргоҳи нави электролизӣ дар заминаи ТАдАЗ 180 миллион доллар ваъда супурда буд.
XS
SM
MD
LG