Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дипломати амрикоӣ вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистонро танқид кард


Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Марказӣ дирӯз дар пайи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар Тошканд гуфт, Амрикову Узбакистон дар мавриди рӯйдодҳои Андиҷон ва масоили ҳуқуқи башар дидгоҳҳои мухталиф доранд. Оқои Боучер дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон изҳори нигаронӣ кард.


Равобити байни Вошингтону Тошканд дар пайи ҳаводиси моҳи майи соли гузашта дар Андиҷон рӯ ба сардӣ овард ва Тошканд пойгоҳи ҳавоии Амрикоро аз Хонобод берун кард. Узбакистон ҳамин тавр, тайи 1 соли гузашта бо Русия қаробати наздиктар пайдо кард ва бо як шароити пуримтиёз ба узвияти Ҷомиаи иқтисодии АвроОсиё пайваст. Ричард Боучер низ дар Тошканд вуҷуди мушкилот дар равобити байни Амрикову Узбакистонро таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG