Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Демократ 16-сола мешавад


Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ), яке аз 8 ҳизби расмии сиёсии кишвар имрӯз 16-сола мешавад. Ин ташаккули сиёсиро дар соли 1990 як гурӯҳи рӯшанфикрон ба раҳбарии Шодмон Юсуф таъсис доданд ва нахустин анҷумани муассисони ҳизби демократ рӯзи 10 августи соли 1990 баргузор шуда буд.


Дар ҷараёни ҷангҳои дохилӣ ҲДТ ба нирӯҳои мухолифин пайваст ва бисёре аз раҳбаронаш ё тарки кишвар карданд ва ё ба дасти нирӯҳои Фронти Халқӣ кушта ва ё зиндонӣ шуданд. Раҳбари нахустини ҲДТ Шодмон Юсуф феълан дар Утриш (Австрия) ба сар мебарад.


Дар пайи имзои созишномаи сулҳ фаъолияти ҲДТ дар Тоҷикистон дубора расмӣ шуд ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раиси он интихоб шуд. Аммо дар 2 интихоботи парлумонии гузашта ҲДТ натавонист садди панҷдарсадиро убур ва номзадҳои худро вориди парлумони Тоҷикистон кунад.


Дар моҳи октябри соли гузашта ДО Т раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо ҷароими терроризм ва сирқати моли давлат ба 23 соли зиндон маҳкум кард ва ба думболи он буд, ки як гурӯҳи аъзои ҳизб аз ташкили ҷиноҳи "Ватан", як ҷиноҳи мухолиф ба раҳбарияти кунунии ҳизб хабар доданд.


Раҳбарии ҲДТ ба ҳар сурат мегӯяд, ин ҳама натавонист дар суфуфи ҳизб шикоф эҷод кунад. ҲДТ ба муносибати рӯзи таъсисаш имрӯз чопи шумораи ҷашнии нашрияи ҳизбиии "Адолат"-ро ҳам дар назар гирифтааст. "Адолат" тайи чандин соли охир танҳо ба сурати гоҳнома нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG