Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳи Нурӣ кӣ буд?


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Ох, афсӯс! Худ аз худ мисроъе хотирам тавлид кард, аммо мисроъи дигар ҷустан бароям душвор буд;
Мева баъде, ки зи шох уфтод, ширин мешавад...
Соҳибёри Толиб
________________________________

Асалому алайкум, ба номи Худованди бахшандайи меҳрубон. Бародарон ва дӯстони мусулмон.
Дӯстони Худо Худо нестанд,
Валекин аз Худо ҷудо нестанд.
Ин мусибати Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на танҳо мусибати аҳли оилаи Устод, балки мусибати тамоми мусулмонҳост. Ингуна шахсоне, ки ҷони худро фидои номи ислом кардаанд, каманд. Ва мо, мусулмонон набояд ин шахси аҷибу меҳрубонро фаромӯш кунем. Худованд гӯрашро пурнур гардонад. Омин, ё рабулъоламин.
Шералӣ
________________________________

Бояд ин суолро радиёи "Озодӣ" пеш аз марги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пешниҳод мекард: "Абдуллоҳи Нурӣ кист?". Он вақт мефаҳмидем, ки одамон нисбат ба ӯ ва кори ӯ чи мавкеъ доранд. Ҳоло ки Нурӣ аз дунё гузашт, ҳама изҳори тасаллият мекунанд ва дар мо маъмул аст, ки мурдагонро ба некӣ ёд кунем. Аз ин рӯ, ман фақат як дубайтии халқиро менависаму халос:
Эй бародар, хоки поят тӯтиё,
Гар ту моро дӯст медорӣ, биё.
Эътиқоди мову ту дар зиндагист,
Баъди мурдан хоҳ биёву хоҳ наё!
Каюмарс
________________________________

Салом ба ҳамаи хонандагони саҳифаи Озодӣ. Ман дар он ҳадде нестам, ки дар бораи Устод ва Падари бузургвор назар бидиҳам. Фақат инро гуфтаниам, ки аз рӯзе, ки ин хабарро шунидаам, ҷигарам месӯзад. (Худоё, ба ҳамаи дӯстдорони эшон сабри ҷамил ато кун!) Омин...
Дарбадар
________________________________

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва мағфиратиҳи. Мо як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳҳои Омрико ин хабари вафоти Устод Саид Абдуллоҳи Нуриро аз тариқи Интернет фаҳмида, хеле ҳам зиқ шудем. Барои мо Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ монанди Падар ва роҳнамои мо буданд. Худовандо, устоди моро дар биҳишт ҷо кун...
Бо эҳтиром,
Як гурӯҳ аз донишҷӯён дар Омрико
________________________________

Салом ва раҳматуллоҳ. Инна лиллаҳи ва инна илайҳи раҷиун. Худованд устод Саид Абдуллоҳи нуриро раҳмат кунад. Устод Нурӣ марди хеле хуб буд ва барои миллати тоҷик дар роҳи ба даст овардани сулҳу амнияти пойдор кӯшиш ва хидматҳои зиёд карда буд. Ва беҳтарин шахсияте буд, ки Худованд барои миллати бузурги тоҷик ҳадя кард. Худованд ҷояшро ҷаннат кунад. Омин.
Зиёулҳақ Абдуллозода
________________________________

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Мо аз худоем ва ба сӯи ӯ боз хоҳем гашт. Даргузашти устоди азизро ба тамоми мардуми мусалмони дунё, билхусус мардуми азизи Тоҷикистон таслият мегӯям ва аз худованди маннон талаб дорам, рӯҳи устодро шод ва ҷояшро ҷаннат-ул-фирдавс насиб фармояд. Дар ҳақиқат, даргузашти ин абармарди торих фоҷеъаи бузургест барои миллати тоҷик ва ҷои ин бузургворро касе наметавонад пур кунад, локин устоди бузург шогирдони зиёде монанди Муҳиддини Кабирӣ, Саидумар Ҳусейнӣ, Саид Иброҳими Гадозода, Шамсуддини Саид ва ғайраҳо тарбият карданд, ки иншоаллоҳ, роҳи устодро идома хоҳанд дод.
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Рӯҳи устод шод бод.
Муҳаммад Шукур
________________________________

Салом. Фавти Абдуллоҳи Нуриро дар вазъияти мавҷудаи сиёси ва ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, метавон ҳамчун як талафоти сиёсӣ ва рӯҳӣ барои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон маънидод кард, чунки ҷумҳурӣ маъракаи интихоботӣ дар пеш дорад. Вале мавқеъи ин шахси сиёсиро дар таърихи Тоҷикистони солҳои 90-уми асри ХХ, нодида гирифтан ҳам, иштибоҳи калон аст. Роли ӯ дар барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон низ зиёд ва бесобиқа аст. Вале бо гуфтаҳои шунавандаи гиромии Родио Озодӣ, Майкулҷон, ки дар поён андешаронӣ кардааст, норозӣ ҳастам, марги оқои Нуриро ҳамчун шаҳодат бояд талаққӣ накард, чунки набард ва ҷанг дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аллакай паси сар шудааст.
Худо ҷояшон ҷаннат кунад.
Мақсуд
________________________________

Салом. Аз гузаштани Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз тариқи интернет хабардор шуда, хеле маъюс шудам. Ба аҳли оила ва тамоми мардуми мусалмон тассалӣ ва таъзияи худро баён менамоям. Бешак миллати ҷафокашидаи тоҷик, боз аз як сиёсатмадори бузург маҳрум шуд. Дар таърихи навтарини тоҷик номи устод бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта хоҳад шуд, зеро хизмати он кас дар сарҷаъм намудани миллат баъди ҷанги таҳмилӣ, бебаҳост.
Маҳмадраҳим
________________________________

Иналиллоҳи ва ина илайҳи роҷиъун. Беҳтарин мард шаҳид шуд ва иншоолоҳ 70 шахсе мисли ин мард дар ин дунё пайдо мешавад.Омин.
Майкулҷон
________________________________

"Ал-бақоу-л-иллоҳ" аз номи худ ва оилаи худ барои хонаводаи устоди мухтарам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,барои хешу табор, барои худ, барои тамоми мусалмонони Тоҷикистон ва ҷаҳон таъзия баён медорам. Дастони ман рӯйи тугмачаҳойи компютер бо зӯр ҳаракат мекунад ва чашмонам аз ашк пур гаштаанд, ҳарфҳоро намебинанд, чи навиштанамро намедонам. Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ба мисли дигарон ман низ ин шахсияти бузургро танҳо барои Худо дӯст медоштам ва аз Худованди бузург дуъо дорам дар ивази гирифтани вай хайрро барои оила ва фарзандонаш ва барои мо, тоҷикон ва мусалмонон ато фармояд. Алвидоъ, устоди муҳтарам, алвидоъ.
Исломуддини Ҳафиз, Миср
________________________________

Ахтари тобнок, устоди бузургвор, ғамхору ёвари миллат, ки ҷонашро, ки боарзиштарин чиз барои ҳар инсон аст, дар синни 59-солагӣ фидои миллат кард. Рӯҳашон шод қабраш пурнур, роҳаш идома хоҳад ёфт, нақши устодро дар торихи Осиёи Марказӣ намешавад нодида гирифт ва хусусан дар торихи муосири Тоҷикистон ва нақши эшон дар истиқрори сулҳу субот ва баргардонидани оромиш ба ҷомеаи Тоҷикистон фидокориҳои зиёде аз худ карданд. Ҳатто ҷонашонро фидо карданд дар ин роҳ ва намешавад нақши устодро нодида гирифт ва устод Нурӣ ҳамчун нур дар хитаҳои торихи мо дурахшон хоҳад буд. Ва ҳамдардии худро ба аҳлу оилаи устод ва наздикону пайравонаш ва миллати тоҷик баён менамоям. Ҷояшон ҷаннат рӯҳашон шод бод.
Бо эҳтиром Салимҷон
________________________________

Боиси малоли хотири дигарон нашавад, ман танҳо як чизро мегӯям:
"Нурӣ Искандаров набуд!"
Дабири Кабир
________________________________

Зиндагии ӯ бошад ҳамчун ойина ва намунаи Қуръон буд. Ҳамин қадар бас аст, ки Ӯ бо Қуръон зинда буд
Нурӣ шахсе буд, ки мисли дурр дар байни мо, аммо кӣ ба қадри он расид?
Дар воқеъ вай шахсияте буд, нотакрор, ба хотири он ки ба ин қадар пастиву баландӣ на ҳар кас тоб оварда метавонад ва ин ҳама далели бузургӣ ва устувории ӯ дар имон ва ақидаи инитихоб кардааш аст. Дуогӯ ҳастем, ки рӯҳаш шоду қабраш пурнур ва ҷояш ҷаннатул фирдавс, ки аъло илийин аст, бод. Дар ин ҷаҳони пурасрор, ки на ҳар кас номи неки худро гузашта метавонад, дар воқеъ саҳмгузорӣ карда, таърих онро ҳамчун лидер, пешво ба наслҳои оянда мерос мегузорад.
Қисмат
________________________________

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Худованд ҷои эшонро ҷаннат ва рӯҳашонро шод гардонад. Устод беҳтарин муборизи роҳи ҳақ, сиёсатмадори устувор,олими шинохта ва фидоии роҳи ҳақ ба хотири миллати худ буданд. Мутаасифона имрӯз нури НУРӢ хомӯш шуд.
Абдунабӣ
________________________________

Салому алайкум
Ба худ ва шумо таъзия баён мекунам. Худованд ҷояшро ҷаннат бигардонад, лекин
афкори ҷадиду бунёдкории ӯро аксарият нафаҳмиданд---мутаассифона.
ASHJ
________________________________

Худованд раҳматаш кунад, инсони хуб ва тақдирсози Тоҷикистон буд.
Абдусаид
________________________________

Аз даргузашти Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хеле ғаминам ва ба ҳамаи ҷонибдорон ва пайравони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тасаллият изҳор мекунам. Аз дуо талаб мекунам, то ӯро дар ҷаннатулмаъво ҷой диҳад. Рости гап, ӯро дар зиндагияш хуб қадрдонӣ накарданд, ҳатто баъд аз он ки вай ба имзои созишномаи сулҳ розӣ шуд.
Одам зи куҷост, хоки одам зи куҷост?
Одам бошад, ки қадри одам донад!
Бо арзи тасаллият,
Каюмарси Ато, рӯзноманигор
________________________________

Зоеъаи бузурги даргузашти Устод Нуриро ба миллати азизам тасаллият мегӯям. Имрӯз мо дар сӯги фарзонамарде нишастаем, ки таърихи ду даҳаи ахири садаи бистуми миллати тоҷик бо номи ӯ печ хурдааст. Марде босалобат ва оҳанин, ки дар рӯёрӯӣ бо бедодгариҳои рӯзгор кӯҳҳои Ҳиндукуш ва Помир устувор буд. Намое аз салобат ва мардонагӣ, ки ҳаёти ҷовидонаро дар хатар зистан медонист ва дар печу тоби ин рӯзгори бемеҳр дам аз меҳрубонӣ мезад. Марде, ки солҳо бояд сабр кард, то модари даҳр мисли ӯ фарзанде бизояд. Равони покаш шод бод!
Баъд аз сари мо турбати мо дар замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
Муҳаммад Вафо
________________________________

Салом алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Устод, ба назари ман, инсони хуб буд. Худованд ҷояшро ҷаннат ва рӯҳашонро шод бигардонад ва аз шафоъати ҳазрати Муҳаммад (с) насибаш бигардонадаш. Омин. Саломат бошед.
Ҷовидон
________________________________

Тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат, барошон дуъо мекунем. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки "иҷрокунанда"-и сиёсати бунёдгароёнаи Эрон дар Тоҷикистон, забткунандаи объектҳо (воҳидҳо)-и муҳимми Тоҷикистон якҷоя бо раиси давлат ва раиси шаҳр бар ивази "фурӯхтани" интерес (манфиъат)-ҳои бародарони эронӣ ва баъзе аз пуштибонҳои хеш. Мардуми тоҷик, кадоме ки аз паи эшон (ЭР, МУ, раҳматии Нурӣ, Тураҷонзода) барои озодӣ хеста буданд, акнун дар Русия мардикор пароканда ва дар Тоҷикистон қашшоқ мондаанд. Сад афсӯс.
Посбони ҳаммоми с/х "Туркманистон"
________________________________

Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бод. Чеҳрае мондагор чун устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар сиёсати даҳсоли ахири Тоҷикистон ками андар кам аст. Ӯ як фидоии миллат, ғамгусори ин меҳан ва гузашта аз ҳама яке аз шахсиятҳои барҷастаи рӯҳонии Тоҷикистону Осиёи Марказӣ буд. Нақши устод дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати Тоҷикистон хеле ва хеле бузург аст. Ин ӯ буд, ки санги кинаро аз дилҳои ҳазорон нафар ҳамватани беватаншуда берун андохт ва бо ҳукумати феълӣ сари гуфтушунуд омад ва ахиран дар тобистони 1997 бо имзои райисҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қадами мубораки ваҳдат вориди хоки поки Тоҷикистон шуда, ҷанги панҷсолаи дохилаи таҳмилӣ аз берун ба поён расид. Чи чора, ки фалак беҳтаринҳоро дар авҷи камолот ба худ мекашад, манзили охираташ пурнуру рӯшан бод!
Маҳмудзода
________________________________

Салом. Аз марги устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ андӯҳгинам ва дуъо мекунам, ки хонаи охираташ равшан бошад. Мо насли ҷавон устодро дар талош барои сулҳу оромиш шинохтаем. Воқеъан, як шахсияти бузург ва ором буданд, ки барои сиёсатмадорони мо метавонад идеал бошад.
Умаралӣ
________________________________

Ассалому алайкум. Ман аз Мисри бостонам. Толибам дар ин шаҳри мусофир. Бо ояти Қуръони карим сар мекунам: kolu inna lillahi va ina lilahi rojiun ва мо аз Худованд ҳастем ва ба ӯ боз мегардем. Лекин устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як шахси пурҳикмате буд. Ман он шахсро аз наздик мешиносам ва фақат бо суханҳои хубаш мегуфт, ки мо бояд якҷоя бошем дар давлати худ ва дӯст медоштанд он кас миллати тоҷики худро. Имрӯз он кас бо мо нестанд ва аз дунёи фонӣ ба дунёи бақо рафтанд. Чи хеле ки дар ояти Қуръони азим Худованди бузург гуфтааст: kulu nafsun zaikotul mavt. Ҳар як нафс чашандаи марг аст. Ягон касе нест, ки аз косаи шарбати нафс начашида наравад. Ҳар яки мову шумо ҳам чашида меравем ин косаи шарбатро. Худованд ҷояшонро ҷаннат-ул-фирдавс гардонад. Омин ё рабб-ул-ъоламин.
Ислом
________________________________

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷийун. Ростӣ, хабари фавти устоди азизамон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (раҳматуллоҳ) бароям хеле сахт ва ҳузнангез буд. Вақте ки Устод аз сафари аввалаш ба Олмон баргашт, маросими истиқболашро бо ду байт шурӯъ кард, ки ҳамаро ба гиря овард. Ман ҳам имрӯз он ду байтро ба ёд оварда, барои ҳама дӯстдоронаш ва тамоми миллати тоҷик замзама мекунам:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Рӯҳаш шод бод.
Қосимӣ
________________________________

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Даргузашти Устоди азиз ва раҳбари мусалмонони Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нуриро изҳори таслият гуфта ва аз Худованди пок барои эшон ҷаннати фирдавсро хоҳонем. Омин. Устоди марҳум на танҳо як раҳбари рӯҳӣ, балки як муслеҳи иҷтимоъӣ, сиёсатдони миллат, волиди мураббӣ барои миллати тоҷик буд. Рӯҳаш шод бод.
Маликов Амиршоҳ
________________________________

Даргузашти раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ба ҳамаи мардуми мусалмони тоҷик тасаллият мегӯям. Устод Нурӣ дар робита бо созишномаи сулҳ муҳимтарин ролро бозӣ кард ва барои барқарории сулҳ дар Тоҷикистон гузаштҳои зиёде мекард. Дар солҳои начандон дур худи торих нақши Устод Нуриро баҳо хоҳад дод.
Абдулваҳоби Салимшоҳ
________________________________

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чун марди нексиришт дар дилу дидаҳои мо боқӣ хоҳад монд. Ӯ ягона фарде буд, ки ба хотири ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон аз ҳама имконот истифода бурд, сулҳро тақдими мардум кард, пайи мансабу курсӣ талош накард. Марги Устод наштаре гашт бар ҷону дили мо ва иншоаллоҳ кору пайкори Устоди арҷмандро мо, шогирдони ӯ идома хоҳем дод. Номи Устод дар таърихи миллати тоҷикон бояд чун сулҳофар бо хатти заррин навишта шавад. Худованд манзили охирати ӯро ободу пурнур гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Бо сузу гудоз
Бахтовар
________________________________

Дунёи имрӯзаи мо бо олимону адибонаш зебо ва фурӯзон аст. Ва олимони дунёи мо чун ситора осмони моро рӯшан месозанд. Имрӯз мо яке аз ситораҳои худамонро аз даст додем ва нури осмонамон хира шуд. Рӯҳашон шод бод ва барои ҳамаи дӯстдорон ва аҳлу аёл сабри ҷамил хоҳонам.
Мирсаид, донишҷӯ ва муҳаққиқ, Душанбе
________________________________

Салом. Ино лиллоҳи ва ино илайҳи роҷеъуню Зимнан, даргузашти устод Сайид Абдуллоҳи нурӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раҳбари муҷоҳидони Осиёи Миёнаро бар тамоми мухлисон ва аъзои ин ҳизб ва тамоми мусалмонони ҷаҳон таслият арз мекунам. Ҷояш фирдавс бод ва рӯҳаш шод бод ва душманонаш нобуд. Омин. Барои чунин бандаи кӯчак шоиста нест, ки чунин мубориз ва муҷоҳидро арзёбӣ кунам. Чун олими гаронқадре ба монанди устод Абдуллоҳи Нурӣ бар ҳамагон маълум аст... Агар мо заррае чашми басират доштем, метавонистем аз чеҳраи нӯронии ишон устоди шаҳидро бишиносем. Танҳо касоне ишонро мешиносанд, ки бо ишон ҳамсангар буданд ва дар суханрониҳояш ширкат кардаанд. Банда фақат ҳаминро метавонам бигӯям, ки муборизе, олиме тавонманд, раҳбаре чун ишон дар ҷомеъаи мо ёфт намешавад ва баъд аз он ки ёфт мешавад, мавқеъе ки мо азизеро аз даст медиҳем, тоза қадру манзалаташро мешиносем, ки дигар фоидае надорад... Рӯҳаш шод ва ҷойгоҳаш ҷаннат бод.
Ҳакимӣ
XS
SM
MD
LG