Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабе дар «Боргоҳи сухан»


Шаби ширгарми тобистон (4-уми август) дар гӯшае аз шаҳри Душанбе, дар як боғчаи дилнишин адибону донишмандон ва мутрибону овозхонон ҷамъ омаданд. Суханони онҳо ва чакомаҳои шӯрангез пири донишмандони тоҷик Муҳаммадҷон Шакуриро шояд ба ёди маҳфиле афганд, ки наздик ба сад сол пеш падараш Садри Зиё дар Бухоро меорост. Вай гуфт, маҳфили Душанбе, ки инак, 5 сол аст, аҳли дилро як ҷо гирд меорад, корҳои шоистаи зиёде кард ва муштариёни он умеде зиёде аз оянда доранд.
Ба думболи устод Шакурӣ шоирон Раҳмат Назрӣ, Шаҳрия, Навид, ҳунарпешагон Ҷамшеди Исмоил, Лолаи Азиз, Хосияти Зарафшонӣ ва ҳамчунин чанде аз адибони Эрону Афғонистон суханронӣ карданд.
Бисёриҳо зикр карданд, ки дар панҷ соли пеш, дар давраи сахти аҳли фарҳанги Тоҷикистон созмон додани маҳфили фарҳангие бо номи «Боргоҳи сухан» як амали хайре буд.
Дар поёни нишасти идона, замоне ки як поси шаб гузаштаву меҳмонон тадриҷан ҳавлии боргоҳро тарк карданд, хабарнигорон бо муассис ва сарпарасти ин маҳфил -- Бӯрӣ Бачабеки Карим як нишасти бадеҳии матбуотӣ оростанд. Онҳо пурсиданд, чӣ гуна андешаи таъсиси ин ниҳод зуҳур кард ва ба амал пайваст? Оё вокунишҳои расмию ғайрирасмӣ ба «Боргоҳи сухан» чӣ гуна буданд? Чаро ҷоизаҳои ахири ин созмон ба адибон, ҳунарпешагон ва хабарнигорон баҳсу ноқаноатмандӣ ба миён овард? Бунгоҳи «Боргоҳи сухан» дар Маскав кор мекунад, аммо оё рӯзе он ба маҳфилҳои адабии Самарқанду Бухоро низ таваҷҷӯҳ хоҳад кард?
Бӯрии Карим дар поёни нишасти хабарии ғайриихтиёр, дар ҳоле ки субҳи нав медамид, аз нақшаҳои ояндаи Боргоҳи Сухан ҳарф зад. Вай тасмим гирифтааст, нахуст бо кӯмаки чанде аз дӯстонаш, бинои нав ва бузургтареро барои ин иттиҳод бисозад, ҳамзамон мехоҳад, ба нашри аввалин асари адибони навқалам роҳ кушояд ва бахши илму хабарнигориро дар Боргоҳи Сухан густариш диҳад.
Мегуфт, рӯ ба қибла истодааст ва дамидани субҳ паёми хуш аст...

Агар ба ин пурсишу посух, сухани адибони барӯманд ва чакомаи овозхонҳои саршинос гӯш доданӣ бошед, лутфан, рамзи радиоро дар паҳлуи сарлавҳаи ин матлаб «ангушт» занед.
XS
SM
MD
LG