Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуввияти шаҳрвандони дар Ӯш кушташудаи Тоҷикистон маълум шудааст


Бахтибек Бекибоев, раиси идораи амнияти вилояти Ӯши Қирғизистон гуфтааст, ду тан аз афроди рӯзи 6 август ҳамроҳ бо Муҳаммадрафиқ Камолов, имом-хатиби масҷиди шаҳри Қаросӯ кушташуда атбоъи Тоҷикистон будаанд. Оқои Бекибоев аз онҳо бо исмҳои Аюбхӯҷа Шаҳобуддинов ва Фатҳуллоҳ Раҳимов ном гирифта, афзудааст, ҳарду бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштори 8 ходими мақомоти интизомии вилояти Суғд таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор доштанд.


Бахтибек Бекибоев гуфт, тафтишот маълум карда, ки Шаҳобуддинов аз пайвандони Абдувосит Маттиев, яке аз фаъолони Ҳаракати Исломии Узбакистон будааст. Маттиев рӯзи 12 май дар ҷараёни як амалиёти амниятӣ дар минтақаи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон кушта шуда буд.


Фатҳуллоҳ Раҳимов ҳамон нафарест, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд ба сар мебурд ва дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ёронаш тавонист шаби 26 январ аз боздошт фирор кунад. Аммо аз моҳи январ ба ин ҷониб бори аввал нест, ки мақомот хабари ҳалокати ӯро нашр мекунанд.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG