Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВУДТ: "6 тани дигар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲИУ боздошт шуданд"


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон (ВУДТ) мегӯяд, дар ҷараёни амалиёте, ки бо номи "Боздошт" дар пайи ҳалокати як нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) ва як марзбони тоҷик дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд пиёда карда шуд, 6 сокини ин вилоятро боздошт кардаанд. Худойназар Асозода, сухангӯи ВУДТ гуфт, ин афрод ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ муттаҳам мешаванд.


Муҳиддини Кабирӣ, муъовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки оё ин афрод дар воқеъ аъзои ҲИУ ҳастанд ё хайр. Дар ҳар сурат, ба эътиқоди оқои Кабирӣ, ниёзмандиҳои иҷтимоӣ ва зиндагии фақирона аст, ки мардумро ба домани чунин ҳаракатҳо тела медиҳад. Оқои Кабирӣ мегӯяд, гароиш ба чунин созмонҳо ба хусус дар водии Фарғона маҳсус аст. Ӯ меафзояд, мардум ва ба вижа ҷавонон дар ҷустуҷӯи алтернатива ҳастанд, чунки ҳизбу созмонҳои расмӣ ва аз ҷумла исломӣ натавонистаанд ба ҳама суолҳо ва хостҳои ин мардум посух диҳанд.


Мақомоти ВУДТ мегӯянд, аз аввали сол дар Тоҷикистон ҳудуди 20 нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲИУ дастгир шудаанд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG