Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони Лубнон вориди ҳафтаи панҷум шуд


Ҳайъати Лигаи давлатҳои арабӣ Шӯрои Амният (ША) -и Созмони Милали Муттаҳид (СММ)-ро ҳушдор дода, ки дар ғайри сурати истиқрори оташбаси билофосила ва хуруҷи нирӯҳои Исроил Лубнон метавонад ба домани ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад. Омрикову Фаронса, бино ба хабарҳо, дар пайи даъватҳои боисрори давлатҳои арабӣ ба бознигарии тарҳи қатъномаи ША дар масъалаи Лубнон пардохтаанд. Ҳадаф аз ин қатънома хатми низоъи байни Исроилу Ҳизбуллоҳ аст. Вазири хориҷаи Олмон Франк Валтер Штейнмейер низ ба хотири ба қабули қатъномаи ША мутақоид сохтани тарафҳои дахили бӯҳрони Лубнон рӯзи сешанбе сафари серӯзааш ба Ховари Миёнаро оғоз кардааст.


Дирӯз Эҳуд Олмарт - нахуствазири Исроил пешниҳоди Лубнон дар мавриди истиқрори 15 000 сарбозаш дар ҷануби бо Исроил ҳаммарзи он кишварро ҷолиб ва қобили арзёбӣ номид. Лубнон гуфтааст, дар пайи хуруҷи нирӯҳои 10 000-нафарии Исроил, ба хотири таъмини иҷрои шароити оташбас омода ҳаст 15 000 сарбозашро дар ҷануби Лубнон мустақар кунад.Эҳуд Олмарт гуфт, ин иқдом бояд ҳамзамон бо халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ сурат бигирад. Сарвазири Исроил гуфт, кобинаи амниятии кишвар рӯзи чоршанбе имкони густариши амалиётҳои низомӣ дар Лубнонро баррасӣ хоҳад кард.


Бо ин ҳол, рӯзи сешанбе даргириҳо байни нирӯҳои Исроил ва чирикиҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон ҳам идома доштанд. Исроил аз ҳалокати 1 сарбозаш ва захмӣ шудани 5 тани дигар дар асари таркиши мушак дар Бинт Ҷебайл хабар дода, гуфтааст, нирӯҳояш 15 чирикиро ба ҳалокат расондаанд. 2 сарбози дигари исроилӣ дар як задухӯрд дар рустои Лабуна кушта шуда ва Ҳизбуллоҳ мегӯяд, 2 тонки Исроилро тахриб кардааст. Ҳамин тавр дирӯз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Лубнон ва мушакандозиҳои Ҳизбуллоҳ алайҳи Исроил идома ёфтаанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил 2 манзил дар Ғозия тахриб шуда, 5 нафарро кушта ва 15 тани дигарр дар зери овораш бенишон барҷо гузоштааст.


Ба гуфтаи пулиси Лубнон, дар амалиёти ахири нирӯҳои Исроил дар шарқи Лубнон 5 нафари ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд. Гузоришҳои расида ҳокист, ки ҳамалоти ҳавоӣ як корвони мошинҳои ҳомили меваҷотро асобат кардааст. Ва субҳи чоршанбе ҷангандаҳои Исроил барои нахустин бор як урдӯгоҳи паноҳандагони фаластиниро дар ҷануби Лубнон ҳамла кардаанд. Дар асари ин ҳамла дасти кам 2 нафар кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG