Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрори Ҳизбуллоҳ ва Шайх Насруллоҳ


Прог Доминик Брейтҳопт Чарлз Рекнегел Бо назардошти он ки созмони Ҳизбуллоҳ чаҳор ҳафта боз ба ҳамлаҳои ҳавоиву заминии Исроил муқовимат мекунад, бисёре аз таҳлилгарон қувваҳои ин созмонро тавонотарин нерӯи арабӣ арзёбӣ кардаанд, ки Исроил ба он рӯбарӯ шудааст. Размандагони Ҳизбуллоҳ анборҳои мӯшак, силоҳҳои сабук ва муҳимтар аз ҳама, сохтори фармондеҳии муттаҳарике доранд, ки имкон медиҳад ҷанги чирикӣ бубаранд. Дар бораи токтикҳои ҷангии Ҳизбуллоҳ ва худи ин созмон Озодӣ бо Темур Гӯксел - сухангӯи собиқи нерӯҳои нозири Созмони Милал дар ҷануби Лубнон суҳбате дошт.

Озодӣ: Агар ба шумори сарбозони Ҳизбуллоҳ бингарем, онҳо на бештар аз 2 то 4 ҳазор нафаранд ва муқовимати чунин нерӯи кам алайҳи 10 ҳазор сарбози исроилӣ барои муддати тӯлонӣ ғайритабиъӣ ба назар мерасад. Чаро барои артиши исроилӣ шикаст додани Ҳизбуллоҳ ин қадр мушкил аст?

Темур Гӯксел: Ин мардум 18 сол боз дар ҷануби Лубнон алайҳи Исроил ҷангидаанд ва хориҷиён инро фаромӯш кардаанд. Онҳо дигар исроилиҳоро медонанд ва исроилиҳо онҳоро. Ҳизбуллоҳ соли 1982 Исроилро, ки Лубнонро ишғол карда буд, шикаст дод ва аз он замон то кунун ба ҷангҳои чирикӣ (партизанӣ) омода мешуданд. Онҳо ҷамъе аз чирикҳои ботаҷриба ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз ҳастанд ва ба он коре, ки мекунанд, эътиқод доранд. Аз онҳо мардуми маҳаллӣ ҳимоят мекунанд ва худи онҳо мардуми маҳаллӣ ҳастанд ва чунин эҳсос мекунанд, ки аз деҳоти худашон ҳимоят доранд. Ҳамин гуна агар ҳамаи инро якҷо кунед, як артиши бисёр қавӣ, ҳадди аққал як артиши чирикиро хоҳед дошт.

Озодӣ: Як стротежии маълум дар ҷанг ин аст, ки сохтори фармондеҳӣ ва назорати душманро бояд баҳам зад. Аммо зоҳиран Ҳизбуллоҳ бо вуҷуди бумбборонҳои шадиди Исроил наҷот ёфтааст. Чи гуна ин размандагон дар майдони набард ҳамчунон коромад боқӣ мемонанд?

Темур Гӯксел: Онҳо дар сатҳи фармондеҳии низомӣ ва сохтори ҳалқаии низомӣ фаъолият намекунанд. Онҳо чунин чизе надоранд. Онҳо танҳо як фармондеҳ дар шаҳри Бейрут доранд ва тамоми дигар воҳидҳо дар минтақаҳо худмухтор ҳастанд, инҳо худашон медонанд, ки чӣ кор мекунанд. Онҳо ба мухобирот ниёз надоранд, онҳо набояд ҳарчиро гузориш диҳанд, онҳо иҷоза намехоҳанд, онҳо медонанд, ки чӣ кор мекунанд. Онҳо воҳидҳои на бештар аз 20 нафарӣ доранд ва аксарашон мардуми маҳаллӣ ҳастанд. Онҳо ба ихтиёри хеш амал мекунанд ва ниёз ба муҳимот надоранд. Онҳо бисёр мустақил ҳастанд. Ва албатта, ин ҳама боздошти онҳоро мушкил мекунад.

Озодӣ: Ин сохтори созмонёфтае, ки шумо тасвир кардед, сохтори маъмулии ҳаракатҳои чирикист. Аммо Ҳизбуллоҳ тайи ду даҳсолаи гузашта дар Лубнон ба таври ошкор фаъъолият мекунад ва ҷузъе аз ҳукумат аст. Метавонед сохтори созмони мазкурро каме муфассалтар шарҳ бидиҳед.

Темур Гӯксел: Шохаҳои сиёсиву иҷтимоъии Ҳизбуллоҳ бисёр ошкор аст, аммо бахши низомии он бисёр махфӣ. Ҳатто бештари аъзои Ҳизбуллоҳ ҳамсаффони худро намешиносанд. Онҳо аз назари амниятӣ фавқулъода эҳтиёткор ҳастанд. Аксари мардум намедонанд, ки аъзои Ҳизбуллоҳ киҳо ҳастанд, зеро онҳо худро ошкор намекунанд. Онҳо либоси низомӣ намепӯшанд, онҳо ба пойгоҳи низомӣ зарурат надоранд, онҳо дар хориҷ аз пойгоҳ амал намекунанд, онҳо анбори аслиҳа надоранд. Бинобар ҳамин, онҳо артиши бисёр махфие ҳастанд ва хадамоти ҷосусии Исроил пайваста барои радёбии он талоши фаровон ба харҷ додааст.

Озодӣ: Чи гуна Шайх Ҳасан Насруллоҳ раҳбари рӯҳонии Ҳизбуллоҳ бахши низомии созмонро идора мекунад?

Темур Гӯксел: Сохтори созмон ин аст, ки Шайх Насруллоҳ танҳо фармондеҳи олист ва дар байни ӯву раҳбарони маҳаллӣ ҳеч воситае нест. Онҳо фармондеҳони миёнҷиро солҳо пеш канор гузоштанд, чаро ки эҳсос карданд, ки агар як воҳиди созмонёфтаи низомӣ бошед, Исроил шуморо ба осонӣ ошкор мекунад ва агар шумо як воҳиди расмӣ бошед, вақти ҳаракат сарусадо баланд мекунед. Ҳамин тавр онҳо тамоми сохторро аз байн бурданд ва дар воқеъ, ҳамчун як занҷираи махфии низомӣ амал мекунанд.

Радиои Озодӣ: Аммо ба назари шумо, низоми занҷираии махфӣ дар анҷоми ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда мушкилофарин нахоҳад буд? Онҳо ҳеч гуна барномарезии мутамарказ надоранд?

Темур Гӯксел: Онҳо ҳамчунин амалиёти аз пеш тарҳрезишуда низ доранд. Онҳо ихтиёроти зиёд доранд, аммо амалиётеро, ки бахше аз барнома набошад, анҷом намедиҳанд. Онҳо як раҳбари маҳаллӣ доранд, ниҳоди раҳбарони минтақаиро доранд, вале ба ҳеч гуна қароргоҳи марказии низомӣ дар Бейрут гузориш намедиҳанд. Ин як созмони пурпару бол нест, ки мисли як артиши муқаррарӣ сатҳҳои мухталиф ба монанди ягонҳову гурдонҳо ё баталиёну дастаҳо дошта бошад. Ин як созмони хонагист, на як созмони ҳирамишакл.

Озодӣ: Мо медонем, ки ҳоло Шайх Насруллоҳ куҷост?

Темур Гӯксел: Ман намедонам, ки ӯ куҷост ва воқеан, Ҳизбуллоҳ ӯро таблиғ ҳам намекунад. Аммо ман дар бораи ин мард ҳаминро медонам, ки ӯ ҳаргиз мардумашро раҳо намекунад. Ӯ ба ҳамин хотир маъруф аст. Ӯ ба он хотир Шайх Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ шуд, ки ба размандагонаш вафодор монд. Ва ман ба осонӣ метавонам хулоса бикунам, ки ӯ ҳамроҳи одамони худаш аст. Ӯ онҳоро ҳаргиз тарк намекунад, ин кор хосси ӯ нест.

Озодӣ: Бино ба баъзе гузоришҳо, артиши Исроил қасд дорад бо ҳамла ба қароргоҳҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Бейрут ва дигар ҷоҳо Ҳасан Насруллоҳро бикушад. Агар ӯ кушта шавад, Ҳизбуллоҳ аз ҳам хоҳад пошид?

Темур Гӯксел: Агар Шайх Насруллоҳ биравад, он созмон зоҳиран аз ҳам хоҳад пошид. Чаро ки махсусан дар чунин вақт ҳеч раҳбари дигаре наметавонад тамоми ин созмони бузургро бо бахшҳои иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ ҳифз кунад. Ҳеч кас наметавонад ин корро бикунад. Ва ин ҷо баъзе ҷараёнҳои рақиб ҳаст, ки Шайх Насруллоҳ онҳоро канори ҳам нигаҳ медорад. Ба фикри ман, чунин гурӯҳҳо метавонанд дар амалҳои худ мустақилтар бишаванд. Ва дар он сурат шумо афроди мусаллаҳ бо силоҳу мӯшакҳоро хоҳед дошт, ки мустақиллан амал хоҳанд кард. Ва шумо гирифтори дарди сар хоҳед шуд, зеро намедонед, ки онҳо бо кадом роҳ хоҳанд рафт. Зеро ӯ низоми мутамаркиз ва фармондеҳии мутамаркизро нигаҳ медорад.
XS
SM
MD
LG