Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе ҲНИТ-ро ба адами риъояти қонун муттаҳам кард


Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар бораи баргузории тазоҳурот дар эътироз ба хушунатҳои ҷорӣ дар Лубнонро рад кардааст. ҲНИТ қасд дошт рӯзи 19 август бад-ин манзур дар майдони Спартаки Душанбе таҷаммуъ кунад.


Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар тавзеҳи ин тасмими ҳукумати шаҳр гуфт, ки ин ҳизб бо ироаи дархостномаи худ бархе аз моддаҳои Қонуни баргузории тазоҳуротро сарфи назар кардааст. Оқои Саидов рӯшан накард, ки он банду моддаҳои "нақзшуда"-и қонун дақиқан чи нукотеро дарбар дорад.


Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ посухи шаҳрдориро туҳмат дар ҳаққи Ҳизби Наҳзати Исломӣ хонд ва гуфт, ки дар дахостномаи ин ҳизб тамоми нукоти қонунӣ мадди назар будааст.


Бархе аз коршиносони умури сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ки иддаъои шаҳрдории Душанбе мабнӣ бар нақзи қонуни тазоҳурот баҳонае беш нест ва ангезаи аслии радди ин дархост метавонад наздикии давраи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бошад. Зеро, ба назари онҳо, таҷаммуъи аҳзоби сиёсӣ дар остонаи интихобот метавонад як навъ таблиғи аҳзоб талаққӣ шавад.
XS
SM
MD
LG