Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли пурсарусадои як рӯҳонӣ дар Қирғизистон


Озодӣ Гулноза Саидазимова Бастагон ва тарафдорони як рӯҳонии қирғиз, ки аз сӯи нирӯи амниятии Қирғизистон кушта шуд, бо ин иддаъои мақомот мувофиқ нестанд, ки Муҳаммадрафиқ Каломов, маъруф ба Рафиқ Қорӣ Камолиддин мутаъаллиқ ба як гурӯҳи теруристи исломӣ будааст. Рӯзи душанбе (7 август) ҳазорон мардуми сӯгвор дар шаҳри Қаросӯи Қирғизистон - зодгоҳи имоми мақтул гирди ҳам омаданд ва пайкари ӯро ба хок супориданд.

Маросими хоксупории Қорӣ Камолиддин шомгоҳи душанбе, 7 август, таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор шуд. Бархе аз афрод ба вузӯҳ интизор доштанд, ки ин маросим ба як намоиши иэтирозӣ табдил шавад. Имоми кушташуда миёни мардуми шаҳраки Қаросӯ, дар марзи миёни Қирғизистону Узбакистон маҳбубияти густардае дошт ва дар хутбаҳои намози ҷумъаи вай то ҳудуди 10 000 нафар гирди ҳам меомаданд.

Як хабарнигори родю Озодӣ дар Қаросу мегӯяд, ки қабл аз дарёфти ҷасади тирбороншудаи Қорӣ Камолиддин 10 то 12 маъмури амниятӣ аз мурдахона нигаҳдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи пулис, дар ҳоле ки беш аз 3000 тан аз мардуми сӯгвор дар хонаи имом таҷаммуъ карданд, мақомот аз наздик ин маросимро мушоҳида мекарданд.

Ин издиҳом пайкари Қорӣ Камолиддинро дар хиёбонҳои Қаросӯ ба самти гӯристони шаҳр ҳамл карданд ва шиъорҳои "Аллоҳу Акбар!" ва "Шаҳид!" сар доданд.

Мардуми сӯгвор мегӯянд, ки Қорӣ Камолиддин дар роҳи хидмат ба ислом ҷон додааст. Рашод, писари қорӣ Камолиддин мақомоти Қирғизистонро муттаҳам мекунад, ки гӯё корзореро барои озору азияти падараш роҳ андохта буданд:

"Онҳо аввал мехостанд ӯро зиндонӣ кунанд, баъдан мардум эътироз карданд ва мақомот тарсиданд. Акнун онҳо силоҳеро дар дасти ӯ ҷосозӣ кардаанду худашро ба гулула бастаанд. Вай як шаҳид аст. Онҳо аз дасти падари ман раҳо шуданд. Онҳо аз падарам метарсиданд, чун вай байни 20 ҳазор то 30 ҳазор пайрав дошт. Ман падарамро дар биҳишт хоҳам дид."

Қорӣ Камолиддин, ки 53 сол дошт, рӯзи 6 август дар ҷараёни амалиёти муштараки нирӯҳои амниятии Қирғизистону Узбакистон дар минтақаи Уш кушта шуд. Дар канори вай ду марди дигар ҳам кушта шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҷумлаи атбоъи Тоҷикистон будаанд.

Мақомот Қорӣ Камолиддинро як "терурист"-и узви Ҷунбиши Исломии Узбакистон медонанд. Онҳо ҳар се марди кушташударо ба як ҳодисаи маргбори марзӣ дар авосити моҳи май нисбат додаанд ва мегӯянд, ки ҳар се қасд доштанд ҳамалоти тозае роҳандозӣ кунанд, аммо дар ҷараёни амалиёти "зиддитеруристӣ" ҷон доданд.

Қорӣ Камолиддин ошкоргӯ буд ва эътиқод дошт, ки аъзои гурӯҳҳои мамнӯъае ба монанди Ҳизби Таҳрир низ бояд иҷозаи ниёиш дар масҷиди ӯро дошта бошанд. Аммо аъзои хонаводаи вай акнун вуҷуди ҳар навъ пайванд миёни Қорӣ Камолиддин ва Ҳизби Таҳрир ё дигар гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъаро такзиб мекунанд. Ҳарчанд Қорӣ Камолиддин ниёиши аъзои Ҳизби Таҳрир дар масҷидашро муҷоз медонист, дар малаъи ом дидгоҳҳои вай дар бораи идеулужии ин гурӯҳ интиқодомез буд. Вай бовар дошт, ки аъзои Ҳизби Таҳрир ба иштибоҳ роҳнамоӣ шудаанд ва набояд аз маросими хутбаву намоз дар масҷидҳо канор гузошта шаванд.

Дар маросими хоксупории Қорӣ Камолиддин шуморе аз сӯгворон аз ҷумлаи аъзои Ҳизби Таҳрир буданд. Яке аз онҳо дар суҳбат бо хабарнигори родю Озодӣ дар Қаросӯ гуфт:

"Акнун баъд аз марги ӯ метавонем бигӯем, ки Рафиқ Қорӣ Камолиддин узви Ҳизбуттаҳрир набуд. Ҳарчанд ӯ як мусалмони ростин буд."

Қорӣ Камолиддин дар гузашта аз сӯи мақомот бозпурсӣ шуда буд ва ҳатто боре ҳам тавассути маъмурони амниятии Қирғизистон барои муддати кӯтоҳе ба гумони доштани иртибот бо пайкорҷӯён боздошт шуда буд.

Дар ҷараёни маросими ташйиъи ҷаноза ҳич иттифоқи хориқулъодае науфтод, аммо шуморе аз сӯгворон ин иқдоми мақомотро як ҷиноят унвон карданд. Ва изҳори назари бархе аз муридони Қорӣ Камолиддин ҳокист, ки ба эҳтимоли зиёд ҷануби Қирғизистон ҳамчунон пуртаниш хоҳад монд. Аҳмад Ҷалилов яке аз он сӯгворон буд:

"Ҳисси нафрату хашми мардум ҳоли ҳозир бисёр қавист. Мо Қорӣ Камолиддинро ба унвони касе, ки хостори ростӣ буд, мешинохтем. Мо шоҳид будем, ки чи гуна ӯ дар бораи ислом танҳо сухани ҳақро мегуфт ва аз ҳамаи мусалмонон мехост, ки танҳо кори дурусту нек анҷом диҳанд. Мо мунтазири мунтазири иттилоъи расмии давлат дар бораи ин ҳодиса хоҳем монд."

Дар ин миён ба назар мерасад, ки нирӯҳои амниятии Қирғизистон ҳаводиси ҷануби кишварро бо диққат дунбол хоҳанд кард, то аз вокуниши шадиди мардум дар паи эъломи ёфтаҳои давлат аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG