Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои тавофуқномаҳои тоза миёни Ҳинду Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як сафари панҷрӯза дар Ҳинд ба сар мебарад, бо Манмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд чандин тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо кардааст. Рӯзи душанбе (7 аагуст) ҳар ду тараф қавли ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, теруризм ва пулшӯиро доданд. Онҳо ҳамчунин дар мавриди тавсеъаи равобит дар арсаи саноеъ, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш ва ҳамлу нақл ба тавофуқ расиданд.


Гузашта аз ин, Б. П. Ҷаҳон, сухангӯи вазорати дороии Ҳинд дар гуфтугӯ бо бахши тоҷикии родю Озодӣ гуфт, ки бонки Экзим (Содирот ва Воридот)-и Ҳинд барои Тоҷикистон як воми 25 милюндулорӣ пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вай, ин вом тайи 15 сол бозпардохт хоҳад шуд, ки он шомили панҷ сол мораториюм (таваққуфи пардохт) низ ҳаст.


Аз сӯи дигар раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳиндӣ хост, ки дар шуморе аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон, аз ҷумла дар эҳдоси нирӯгоҳи Даштиҷум дар имтидоди марз бо Афғонистон ширкат кунанд.


Эмомалӣ Раҳмонов дар нишасте бо бозаргонони ҳиндӣ гуфт, ки ҳаҷми кунунии муъомилоти тиҷории миёни ду кишвар ба маротиб поинтар аз зарфиятҳои Ҳинду Тоҷикистон аст.


Ба гуфтаи дафтари нахуствазирии Ҳинд, ҳаҷми мубодилоти бозаргонии миёни Ҳинду Тоҷикистон тайи солҳои 2005-2006 дувоздаҳ милюн дулорро ташкил медиҳад.


Имрӯз (8 август) ҳайъати расмии Тоҷикистон ба раҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов тайи дуввумин рӯзи дидори худ аз Ҳинд аз Деҳлии Нав ба Ҷайпур рафт ва сипас равонаи Ҳайдаробод хоҳад шуд.


Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Ҳинд, қарор аст ҳайъати Тоҷикистон дар шаҳри Ҷайпур афзун бар ширкат дар чанд барномаи фарҳангӣ бо кори ширкатҳои нассоҷиву тавлиди маҳсулоти ширӣ ва ширкати электруникии "Бҳарат Ҳеви Электроникс" ошно шавад. Ин ширкат дар тавлиди женеротурҳои барқиву дастгоҳҳои махсуси нирӯгоҳҳои барқӣ тахассус дорад.


Қарор аст рӯзи даҳуми август ҳайъати Тоҷикистон пас аз боздид аз шаҳри Ҳайдаробод ба Душанбе баргардад.
XS
SM
MD
LG