Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми мусобиқоти футбол оғоз шуд


Даври дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лиги олӣ бо дидори ду дастаи шаҳри Душанбе - «Ориёно» ва «Динамо оғоз шуд.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахти ин кишвар сурат гирифт, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид. Носир Ҳамидов, сармураббии тими «Ориёно» ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозӣ барои бозигарони ҷавони даста, ки дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон авоили моҳи сентябр дар Сингапур ширкат мекунанд, як навъ имтиҳон буд.

Ва аммо натиҷаи бозии нахусти даври дуввуми мусобиқот ба ҷойгоҳи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо тағйире ворид накардааст. Тимҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ҳар кадом бо 25 имтиёз дар садри ҷадвал қарор доранд.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2006 баргузор шуд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2005 дар майдони худ бар тими «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 6 бар 0 ғалаба кард. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 4 бар 0, дастаи «Хима»-и Душанбе бар тими «Ҳисор»-и Ҳисор бо натиҷаи 13 бар 0 ва дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар тими «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуданд. Вале дастаи «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ ба бозӣ бо тими мизбон -«Энергетик»-и Душанбе ҳозир нашуд, бинобар ин бар асоси низомномаи мусобиқот «Энергетик» бо натиҷаи техникии 3 бар 0 ғолиб дониста, ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 август барпо мешаванд.
XS
SM
MD
LG