Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти ду нафар ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон


Додгоҳи вилояти Суғд Ёрӣ Яъқубов, як шаҳрванди 43-солаи Узбакистонро ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Тошканд ба 15 сол зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кард. Додгоҳ ин сокини шаҳри Янгиёри Узбакистонро дар сирқати маълумоти маҳрамонаи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон гунаҳкор донист.


Як рӯз пеш аз анҷоми мурофиаи Ёрӣ Яъқубов додгоҳи Суғд Карим Собиров ном шаҳрванди Тоҷикистонро низ бо айни ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон маҳкум ба зиндон карда буд.


Ҷанҷолҳои ҷосусӣ байни Тоҷикистону Узбакистон дар ин авохир афзоиш ёфтаанд. Дар моҳҳои июну июл мақомоти Узбакистон дар бораи боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иддаъои ҷониби Тошканд, ҷиҳати анҷоми аъмоли ҷосусӣ ва қатл дар хоки Узбакистон дастур доштаанд, хабар дод. Аммо Душанбе даъвоҳои Тошкандро буҳтон номида ва такзиб карда буд.
XS
SM
MD
LG