Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани имоми Қаросӯ ва 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёт дар Ӯш


Дар шаҳри Қаросӯи Қирғизистон садҳо тан ба сӯги Муҳаммадрафиқ Камолов, мулаққаб ба Рафиқ Қорӣ, имоми узбактабори масҷиди ин шаҳри марзӣ гирди ҳам омаданд. Рафиқ Қорӣ ҳамроҳ бо 2 тани дигар, ки мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон номидаанд, рӯзи якшанбе дар ҷараёни амалиёти муштараки мақомоти амниятии Узбакистону Қирғизистон дар Ӯш кушта шуданд.


Нурбек Тоқбоев, сухангӯи вазорати амнияти Қирғизистон гуфт, Рафиқ Қорӣ ва ҳамроҳони ӯ аз аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон буда ва қасд доштаанд дар Қирғизистон амалиёти теруристӣ анҷом диҳанд. Аммо хешовандони имоми кушташуда ин иттиҳомотро рад мекунанд. Рафиқ Қорӣ имоме буд, ки ба аъзои ҳизби мамнӯъаи Таҳрир намоз гузоридан дар масҷиди худро иҷоза дода буд. Дар моҳи май мақомоти Қирғизистон ӯро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир муддате боздошт ҳам карда буданд.
XS
SM
MD
LG