Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ША имрӯз дубора ба баҳси қатъномаи Лубнон мепардозад


Ҳамлаи мушакии шаби гузаштаи Исроил манотиқи ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнонро асобат кард. АНИ, хабаргузории расмии Лубнон мегӯяд, дар асари ин ҳамла як иморати сеқабата замин ва дасти кам 20 нафар кушта шудаанд. Ҷамъи лубнониҳои дирӯз кушташуда, бино ба хабарҳо ба 42 нафар расидааст. Аммо маълум шуд, ки дар рустои Ҳулло дирӯз ҳамагӣ 1 нафар ҳалок шуда, дар ҳоле ки қаблан шумори кушташудагон дар ин русто беш аз 40 гуфта мешуд. Ва рӯзи душанбе 3 сарбози исроилӣ дар ҷараёни даргириҳо дар шаҳри Бинт Ҷибал дар ҷануби Лубнон кушта шудаанд.


Дар ҳамин ҳол, вазири дифоъи Исроил Амир Перетс гуфт, дар ғайри сурати пешрафти талошҳои дипломатӣ ба манзури ҳалли низоъ амалиёти заминии нирӯҳои Исроил дар Лубнон дар рӯзҳои наздик боз ҳам густариш хоҳад ёфт. Амир Перетс гуфт, нирӯҳои Исроил ба манзури хунсо кардани хатари ҳамлаҳои мушакии Ҳизбуллоҳ даст ба ҳама гуна амалиёти лозим хоҳанд зад. Сарвазири Исроил Эҳуд Олмарт ҳам изҳори итминон карда, ки кишвараш аз ин набард бо пирӯзӣ берун хоҳад омад. Генерали артиши Исроил Ёссӣ Купервассер рӯзи душанбе гуфт, ҳар рӯзе, ки мегузарад, аз иқтидори Ҳизбуллоҳ кам мекунад.


Ва аммо дишаб давлати Лубнон қарор карда, ки ба муҷарради хуруҷи нирӯҳои Исроил ба ҷануби Лубнон 15 000 сарбоз бифиристад. Вазири иттилооти Лубнон Ғозӣ Оридӣ аммо гуфт, эъзоми нирӯҳои лубнонӣ танҳо дар пайи хуруҷи нирӯҳои, бино ба ҳисобҳо, 10 000-нафарии Исроил ба он сӯи Хатти Кабуде, ки СММ кашидааст, сурат мегирад. Дирӯз вузарои хориҷаи Лигаи давлатҳои арабӣ дар Бейрут изҳор доштанд, ки ба хотири ҳимоят аз пешниҳодоти Лубнон ба тарҳи қатъномаи ША як ҳайъатро ба Ню-Йорк мефиристанд. Тарҳи пешниҳодкардаи Лубнон ба хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Исроил даъват мекунад ва вузарои хориҷаи кишварҳои араб аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд.


Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, Фаронса мехоҳад бо дарназардошти пешниҳодоти Лубнон ва вузарои хориҷаи кишварҳои араб дар тарҳи қатъномаи ША тағйирот ворид кунад. Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ҳам бо таъкид ба зарурати қабули ҳадалмумкин зудтари қатъномаи ША СММ ба хотири анҷоми низоъи байни Исроилу Ҳизбуллоҳ гуфта, ки даргириҳо бояд поён ёбанд. Аммо ӯ афзуд, Амрико мехоҳад мутмаин бошад, ки қатъномаи ША мояи эҷоди халоъ барои Ҳизбуллоҳ ва таҳрики бесуботӣ дар Ховари Миёна нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG