Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳе иқтисодӣ ба равобити Ҳинду Тоҷикистон


сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон Ғафури Искодарӣ дар гуфтугӯ бо Озодӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон аз соли 1992 бад-ин сӯ равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ дорад. Соли 1992 Ҳиндустон Тоҷикистонро ба унвони як кишвари мустақил шиносоӣ кард. Аз он ба баъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати Ҳинд оғоз ба кор кард. Соли равон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон низ сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

То имрӯз байни ин ду кишвар дар ҳудуди 19 мувофиқатнома ва прутукулҳои мухталиф имзо шуд, ки дар миёни онҳо мувофиқатномаҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ, ташвиқи сармоягузориҳо ва ҳамкориҳои фаннӣ низ вуҷуд дорад.

Соли гузашта ҳаҷми табодули тиҷорӣ миёни ду кишвар ҳудуди як милюну 465 ҳазор дулор буд. Бештари онро воридот ташкил медиҳад - як милюну 386 ҳазор дулори онро. Ва бақия содирот аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2006 низ ҳаҷми мубодилаи коло миёни ду кишвар беш аз як милюну шаст ҳазор дулорро ташкил дод. Боз ҳам бештари он аз ҷумлаи воридот аст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба зарурати густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар, бояд гуфт, ки ҳаҷми тиҷорат ҳанӯз андак аст ва дар оянда бояд тавсеъа ёбад.

Тайи солҳои ахир Ҳинд дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёде кардааст. Ҳаҷми сармоягузориҳои Ҳинд дар кишвари мо то имрӯз се милюну 400 дулор аст. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе як корхонаи тавлиди маводди ғизоӣ сохта шуд ва дар ноҳияи фурудгоҳи Душанбе як ҳутели муҳташам аз сӯи ширкатҳои ҳиндӣ бунёд мешавад. Ду корхонаи муштарак ҳам фаъъолият мекунад: яке марбут ба дорусозӣ ва дуввумӣ як ширкати тиҷорист.

То имрӯз Ҳинд ба Тоҷикистон чандин кумаки молии билоъиваз (бебозгашт) ихтисос додааст, ки ҳаҷми кулли он беш аз 10 милюн дулор аст. Ғайр аз ин давлати Ҳинд ба шаҳри Душанбе ҳудуди 20 дастгоҳ утубус ихтисос дод ва феълан аз ин утубус истифода мешавад. Байни донишгоҳҳои ду кишвар низ ҳамкориҳое шакл гирифтааст ва то кунун беш аз 20 донишҷӯи тоҷик дар Ҳинд таҳсил кардаанд. Кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон низ дар он ҷо омӯзиш дидаанд. Худи ман ҳам дар Донишкадаи тиҷорати хориҷии Ҳинд таҳсил кардаам.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе як маркази хабарӣ гушоиш ёфт зери унвони "Маркази патенти иттилоъотӣ"-и вобаста ба вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон. Давлати Ҳинд дар ин марказ низ ҳудуди 600 ҳазор дулор ҳазина кардааст, ки бо он роёна (компютер)-ҳо ва таҷҳизоти фаннии дигар ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар клосҳои марказ насб шуд.
XS
SM
MD
LG