Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бокс:Тоҷикистон - Русия - 5 : 4


Мусобиқоти байнулмилалии дӯстона дар риштаи бокс миёни варзишкорони навҷавони Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии тими мизбонон бо натиҷаи 5 бар 4 хотима ёфт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ аъзои тими CSКА - бошгоҳи марказии варзишии низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон - Собир Назаров бар Виктор Яковлев (48 кг), Эмомалӣ Маллаев бар Константин Белов (51 кг), Анвар Юнусов бар Дмитрий Батмаев (51 кг), Фарҳод Ашӯров бар Дмитрий Кадейкин (64 кг) ва Шералӣ Маҳмадалиев бар Саховат Ӯғлӣ Алиев (69 кг) ғалаба карданд.

Вале Азим Назаров аз Титал Аскарян (52 кг), Акмал Абдуллоев аз Михаил Безус (54 кг), Манучеҳр Сличенко аз Сергей Шишов (60 кг) ва Виталий Рябченко аз Максим Макаричев (75 кг) мағлуб шуданд. Рақобати Воҳид Худойназаров ва Андрей Шалигин (57 кг) бо натиҷаи мусовӣ поён ёфт.
XS
SM
MD
LG