Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳсҳои Шӯрои Амният дар бораи қатънома


Ҳайъатҳои панҷ кишвари узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милал - Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин дар мавриди ба матни қатънома ворид кардани талаби Лубнон оид ба хуруҷи фаврии неруҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнон ба мувофиқа нарасиданд.


Лубнон аз Шӯрои амнияти Созмони милал расман талаб кард, ки ба тарҳи қатънома оид ба хатми низоъи миёни Исроилу Лубнон тағйирот ворид кунад. Бейрут мехоҳад, ки ба тарҳи таҳиякардаи Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса як нуктаи дигар - хуруҷи фаврии низомиёни Исроил аз қаламрави Лубнон низ илова шавад.


Қаблан раиси парлумони Лубнон Набеҳ Беррӣ гуфта буд, ки кишвараш тарҳи қатъномаи Созмони Милалро қабул надорад, зеро он бо назардошти манфиатҳои Исроил таҳия шудааст. Дар ин тарҳ аз ҷонибҳо тақозо шудааст ба даргириҳо хотима гузоранд ва аммо ба Исроил иҷоза дода шудааст, ки дар сурати ҳамла аз худ дифоъ кунад.
Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс гуфт, ки тарҳи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд ба хушунати густарда дар минтақа хотима бахшад. Ва аммо, ба гуфтаи хонум Райс, ин қадами аввал дар роҳи мусолиҳа аст ва даргириҳо миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ як муддат идома хоҳанд кард:


"Ин қатънома дар марҳилаи аввал берункашии пурраи неруҳои Исроилро пешбинӣ намекунад ва чунин интизор надорад. Не. Зеро ин қатъномаест, ки ба душманиҳо дар ҳоле, ки неруҳо ҳанӯз дар ҷои худ боқӣ мондаанд, хотима медиҳад. Вале ин санад талаб мекунад, ки амалиёти густардаи ҳарбӣ, ҳамлаҳо ва партоб кардани мушакҳо, он навъи хушунаткориҳо, ки дар воқеъ барои аҳолии мулкӣ сахт тамом мешаванд, қатъ карда шаванд."


Ахиран Башор Асад - раисиҷумҳурии Сурия дар як суҳбати телефонӣ бо Куфӣ Аннон - дабири кулли Созмони Милал ҳушдор дод, ки агар қатъномаи Шӯрои Амният бидуни ризояти ҳамаи нерӯҳои сиёсии Лубнон пазируфта шавад, вазъ дар минтақа бештар тезутунд хоҳад шуд. Амр Мусо - дабири кулли Ҷомеъаи кишварҳои араб низ дирӯз дар Бейрут гуфт, дар ҳамаи тарҳҳои марбут ба қатъи хушунат дар Ховари Миёна бояд хуруҷи фаврии нерӯҳои Исроил аз Лубнон зикр шавад.
XS
SM
MD
LG