Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон ва мушкили воми онҳо


Кумисюни мустақили омӯзиши қарзи хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон эълом карда, ки мизони дақиқи воми хоҷагиҳои деҳқониву фермерии ин кишвар дар баробари сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ ва ҳамчунин бонкҳои сармоягузор пойинтар аз оморест,ки қаблан эълом шудааст.


Омӯзиши тозаи ин кумисюн мушаххас сохта, ки то якуми августи соли 2006 воми умумии хоҷагиҳои фермериву деҳқонии Тоҷикистон дар баробари сармоягузорони бахши панбакорӣ 284 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


Кумисюни мустақили омӯзиши мушкилоти қарзии хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон эълом дошта, ки таҳқиқи ин ниҳод муайян кардааст, ки ҳаҷми умумии қарзи хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ, ки 314 миллион доллари амрикоӣ тахмин зада мешавад, аз мизони воқеъӣ 30 миллион доллар бештар аст.


Гузориши ниҳоди мазкур, ки дар ҳамоҳангӣ бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон амал менамояд, таъкид кардааст,ки аз маблағи воқеъии қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, яъне 284 миллион доллари амрикоӣ, 266 миллионро маблағи аслии қарзҳо ташкил медиҳад. Аз ин миён 18 миллионро дарсади суди маблағҳое ташкил медиҳад, ки аз сӯи бонкҳо ба унвони қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудаанд.


Коршиносон вуҷуди қарзи хоҷагиҳои деҳқониву фермерии Тоҷикистонро як монеаи аслӣ дар роҳи рушди ояндаи бахши кишоварзии ин кишвар, ба хусус соҳаи пахтакорӣ меноманд ва мегӯянд бояд ҳукумати Тоҷикистон мусоидат намояд, то ин маблағҳо на тамдид, балки пурра бахшида шаванд.


Ин дар ҳолест, ки то кунун чанд бор ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати пардохти қарзи хоҷагиҳои деҳқониро тамдид кардааст. Аммо бо ин вуҷуд мушкил ҳамоно боқӣ мондааст.


Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд қаблан гуфта буданд дар сурати иқдоми муассири ҳукумати Тоҷикистон имкон дорад ин ниҳодҳо дар масъалаи пардохти қарзҳо ба ин кишвар кӯмак намоянд.


Ин матлаб дар мулоқоти Ликун Ҷин ноиби раиси Бонки осиёии рушд бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ду рӯз пеш дар шаҳри Душанбе низ матраҳ будааст.
XS
SM
MD
LG