Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор гурӯҳи қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон 'хунсо шуданд'


Ожонси мубориза бо маводди мухаддири вобаста ба раёсати ҷумҳуриии Тоҷикистон хабар аз маҳви чаҳор гурӯҳи ҷиноии қочоқбари маводди мухаддир дар қаламрави ин кишвар додааст.


Бобоҷони Шафеъ - масъули дафтари матбуъотии Ожонси мубориза бо маводди мухаддир гуфт, дар як ҳафтаи ахир мақомоти зирабти ин ожонс тавонистаанд, дар қаламрави кишвар чаҳор гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбари маҳаллиро аз байн бибаранд. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин кор дар паи иҷрои амалиёти вижаи гурӯҳҳои фаврии ниҳоди мазкур таҳаққуқ ёфтааст. Оқои Шафеъ афзуд, дар натиҷаи роҳандозии амалиёт аз гурӯҳҳои қочоқ беш аз 450 килограм маводди мухаддир забту мусодира ва ҳамзамон чанд нафар боздошт шудаанд.


Ин дар ҳолест, ки мақомоти зирабти Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз афзоиши мизони қочоқ ва интиқоли маводди мухаддир аз тариқи қаламрави ин кишвар ибрози нигаронӣ мекунанд.


Мутобиқи омори расмии Ожонси мубориза бо маводди мухаддири вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон дар ҳудуди ин кишвар беш аз як тону саду панҷоҳ килограм анвоъи мухталифи маводди мухаддир аз афроду гурӯҳҳои қочоқбар забту мусодира шудааст.


Ин дар ҳолест, ки мутобиқи маълумоти ожонси мазкур ин нишондиҳанда дар соли гузашта ҷамъан танҳо 982 килограмро ташкил додааст.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG