Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Рӯзи варзишгарон дар Душанбе


Рӯзи ҷумъа (4 август) дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи варзишгарон ҳамоиши кормандони ин арса баргузор шуд. Дар ҳамоиш варзишгарону мураббиёни мумтоз ва собиқадорони варзиши тоҷик бо унвонҳои ифтихорӣ ва ҳадяҳо сарфароз шуданд.

Наргис Набиева - муъовини раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, аз иди варзишгарон дар саросари кишвар аслан рӯзи шанбе (5 август) таҷлил хоҳад шуд ва ба ин муносибат мусобиқот дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла шиноварӣ ва теннис баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар чорчӯби барномаҳои вижаи Рӯзи варзишгарон дар толори Сирки давлатии пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи дӯстона дар риштаи бокс миёни варзишгарони бошгоҳҳои марказии низомии шаҳрҳои Душанбе ва Маскави Русия доир хоҳад шуд.

Ва ду хабар барои мухлисони футбол. Даври дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лиги олӣ рӯзи ҷумъа (4 август) бо дидори ду дастаи шаҳри Душанбе - «Ориёно» ва «Динамо» оғоз шуд. Даври дуввуми мусобиқот то 28 октябри соли равон идома хоҳад кард. Дар айни ҳол се даста - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ҳар кадом бо 25 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор доранд.

Дар бозиҳои аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2006 рӯзи шанбе (5 август) «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) бо «Гвардия» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) бо «Тоҷиктелеком» (Қурғонтеппа), «Энергетик» (Душанбе) бо «Олими Каримзод» (Мастчоҳ), «Саройкамар» (Панҷ) бо «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Хима» (Душанбе) бо «Ҳисор» (Ҳисор) рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG