Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Укроин сарнавишти Януковичро таъйин мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз (4 август) порлумони Укроин дар мавриди номзадии Виктор Янукович ба мақоми нахуствазирии ин кишвар раъй бидиҳад. Оқои Янукович ва рақиби вай Виктор Юшченко, раисиҷумҳурии Укроин рӯзи панҷшанбе (3 август) эъломияеро имзо карданд, ки ба гуфтаи онҳо ду ҳизби рақибро муттаҳид ва пояи як эътилофи густардаи ҳокимро фароҳам хоҳад кард.


Оқои Юшченко, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2004 бар Виктор Янукович чира шуд, мегӯяд, ки ин паймон хатти машйи ислоҳталабона ва рӯ ба Ғарби Укроинро тазмин мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳатто бо нахуствазирии Виктор Янукович, ки бо Русия пайванди танготанге дорад, сиёсатҳои Укроин тағйир нахоҳад кард.


Юля Тимошенко, нахуствазири пешин ва аз муттаҳидони собиқи Виктор Юшченко дар Инқилоби Норинҷӣ ин тавофуқномаро маҳкум кард ва онро "эъломияи пуч" номид.


Вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки Виктор Янукович бо истифода аз системи демукротики Укроин муваффақ ба бозгашт ба қудрат шуда ва афзуд, ки Вошингтун ҳозир аст бо вай ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG